Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
шудааст, оҳанги худситоӣ дорад. Албатта, худро хоксор гирифтан ва аз хоксории худ гап задан айб нест, вале хоксории худро ин тавр ба овози баланд гӯшзад кардан ҳаргиз нишони хоксорӣ нест.
Барои ин ки дар ҳақиқат изҳори хоксорӣ шавад, дар мавридҳои мазкур матлабро, масалан, ба ин тарз арз кардан лозим аст:
«Мо ба нависандаи маҳбуби худ як туҳфаи ночиз пешкаш мекунем».
«Ин дастовези ночизи моро қабул кунед».
«Ин кори мо хизмати ночизе ба Ватан аст».
Барои ба нишонаи худситоӣ табдил ёфтани калимаи хоксорона боз ҳам тилмочҳо ва тақлидгарони онҳо сабаб шудаанд. Туҳфаи хоксорона, хизмати хоксорона, меҳнати хоксорона ва ғайра ба он маънӣ, ки дар навиштаҳои имрӯза ба кор меравад, тарҷуман ибораҳои русии скромный подарок, скромная услуга, скромный труд ва монанди инҳо мебошад. Вале онҳое, ки дар ин маврид скромныйро хоксорона тарҷума кардаанд, боз ба нозукиҳои забони русӣ ва тоҷикӣ ҳеҷ аҳамият надодаанд.
Дар «Луғати русӣ-тоҷикӣ»-и А. Деҳотӣ калимаи скромный ду маънӣ дорад: 1. хоксор, шикастанафс, фурӯтан, боадаб; хоксорона, шармгинона, боадабона: скромный человек — одами хоксор; скромное поведение — рафтори хоксорона; 2. оддӣ, содда, бекарру фар, нокирой: скромное платье — либоси оддӣ.
Чунонки мебинем, ин ду маънӣ аз якдигар фарқи калон дорад. Туҳфаи хоксорона ва ғайра дар натиҷаи ба ин фарқ диққат накардан ба миён омадааст. Барои тарҷуман скромный подарок маънои дувуми калимаи скромный — одӣ, нокироиро гирифтан даркор буд, аммо баъзе тарҷумонҳои тезкор фурсат надоранд, ки ҳангоми луғат дидан ба маънои дувум расанд ё андак андеша кунанд, ки нағз ба бад ва хоксорӣ ба худситоӣ табдил наёбад. Тақлидкорони онҳо низ чашм пӯшида, мисро ба ҷойи зар мегиранд.
Дар асари С. И. Ожегов «Словарь русского языка»
скромный чунин маъние ҳам дорад: небольшой, ограниченный, едва достаточный — скромный заработок, скромный итог работы. Ҳеҷ мумкин нест, ки дар тарҷума ин ибораҳо калимаи хоксорона истифода шавад. Ин ҷо мавриди хурд, ночиз, нокифоя, нокирой ва монанди онҳоанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё