Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
умумии банда дар бораи вазъи забон, дар бораи он равандҳои иҷтимоиву сиёсӣ, ки забони миллиро ба ҳоли табоҳ оварданд, шинос бишавад. Дар китоби «Сарнавишти форсии тоҷикии Фарорӯд дар садаи бист» пешниҳодҳои банда барои ислоҳи вазъи мавҷуда низ баён шудаанд. Ҳам баррасии вазъи забон ва ҳам пешниҳодҳои банда дар ин китоб бештар ба андешаҳои устод Айнӣ, аз ҷумла он чӣ дар номаҳо гуфта буд, инчунин ба афкори шахсиятҳои барҷастае чун академик Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода асос ёфтааст.
Аз ин рӯ, баъди хондани китоби «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад» ё пеш аз он аз назар гузаронидани китоби «Сарнавишти форсии тоҷикии Фарорӯд дар садаи бист» матлуб аст.
Чопи севуми китоби «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад», ки ҳоло ба даст гирифтаед, метавон гуфт, аз чопи дувуми он (1985) фарқ надорад. Ба ҷуз таҳрири ҷузъӣ фарқ танҳо дар ин аст, ки ду-се бобча аз китоби худ «Забони мо ҳастии мост» («Маориф», 1991) гирифта, ба он илова кардам.
Ба назар мерасад, ки баъзе бобҳои китоби «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад» имрӯз каме аҳамият аз даст додаанд. Чунончи, муайянкунандаи дорои сифати феълӣ имрӯз дар матбуоту нашриёт ва радиову телевизион камтар дида мешавад. Суиистифода аз феъли «гузаронидан», ки истеъмоли он дар тарҷумаҳо зиёд расвой дошт, низ акнун ба андозаи пештар нест, хеле кам шудааст. Инро яке аз рӯйдодҳои мусбат дар охири садаи бист ба шумор тавон овард. Шояд дар ин маврид китоби «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад» низ нақше иҷро карда бошад.
Бо вуҷуди ин, бобҳоеро, ки ба сифати феълӣ ва феъли «гузаронидан» оиданд, аз китоб берун ё кӯтоҳ накардам. Ба фаҳми мо, ин бобҳо ҳанӯз як андоза аҳамият доранд.
Имрӯз дар забони форсии тоҷикӣ дигаргуниҳои мусбате рӯй дода истодаанд. Кӯшиши дур шудан аз оддигӯӣ ва раҳоии аз тарҷумазадагӣ, ки аз даҳаҳои шасту ҳафтоди садаи бист оғоз ёфта буд, ба кундӣ ҳам бошад,
идома дорад. Ба вижа шеър аз фарҳанги сухан бештар
баҳра мебарад, ки ин барои насри бадеӣ ва матбуот низ
аҳамият хоҳад дошт. Дар айни замон савияи саводи
ҷомеа паст меравад. Ин раванд дар даҳаҳои навад хеле

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё