Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
решаҳои таърихӣ дошта, аз худхоссагии инкишофи таърихии забони тоҷикони Осиёи Миёна—Мовароун-наҳру Хуросон сар задаанд. Онҳо ҳама чигунагии роҳҳои тараққии таърихии мардуми моро нишон медиҳанд ва агар аз онҳо даст кашем, аз як қисми таърихи худ, аз ҷанбаҳои хоси ҳаёти маънавии худ чашм хоҳем пӯшид. Инро махсусан таъкид кардани мо аз он сабаб аст, ки ҳоло хоҳиши аз миён бардоштани он чӣ, ки забони адабии имрӯзаи тоҷикиро аз дарии Афғонистон ва форсӣ фарқ мекунонад, дар дили баъзе рафиқон пайдо шуда истодааст. Албатта, мо байни забони тоҷикӣ ва дарии Афғонистон ва форсии Эрон, ки ҳар се як забонанд, бояд садди Чин набардорем, аммо кӯшише дар роҳи нест кардани фарқи онҳо низ кори нодуруст хоҳад буд. Чунонки чархи таърихро пас гардондан мумкин нест, ба куллӣ аз байн бурдани он фарқҳо ҳам имконнопазир аст.
Лекин масаълаи феъли ёвари кардан ранги дигар дорад. Ин фарқи таърихӣ нест. Баръакс, агар ба масъала таърихан нигоҳ кунем, аз ин ҷиҳат миёни се шоҳаи тоҷикӣ, форсӣ ва дарӣ фарқе ба назар намерасад. Фарқ, асосан дар муддати 30—40 соли охир пайдо шуд. Вале асли гап дар ин нест, ки мобайни ин забонҳо дар ин масаъла фарқе буд ё не ва агар бошад, кай пайдо шуд. Ҷони гап он аст, ки феъли ёвари кардан дар забони адабии имрӯзаи тоҷикӣ дар бисёр мавридҳо аз ғайри зарурате ба кор меравад, яъне тамоман зиёдатист. Пас қатъи назар аз он ки чунин истифода шудани феъли кардан дар забони имрӯзаи форсӣ ва дарӣ дида мешавад ё не, дар тоҷикӣ аз он даст кашидан беҳтар аст. Ин зарурат фақат барои аз як сарбории нодаркор халос шудан пеш омадааст.
Агар ин заруратро амиқ дарк кунем, дар мавридҳои муайян тарзҳои гуногуни ифодаи фикрро ёфтан мумкин аст. Яке аз ин тарзҳо ба шакли феъли маълум ифода намудани фикр, яъне бо феъли муайяншаҳс сохтани ҷумла аст. Чунонки, ба ҷойи «Тартибу интизом барқарор карда шуд» «Тартибу интизомро барқарор карданд» гуфтан мумкин аст. Дар ин сурат шаклан шахси феъл муайян бошад ҳам («барқарор карданд» — ҷамъи шахси севум, яъне онҳо), маънои муайян нест ва онро аз қарина ба маънои феъли номуайяншаҳс ҳам фаҳмидан мумкин аст.
Дар баъзе мавридҳо на танҳо «карда», балки «карда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё