Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
«барқарор» феъли ёвари «кардан» намерасад, ҳатман «барқарор кардани...» ё ки «барқарории...» гуфтан даркор буд. Худи «барқарор» маънои амалро фаҳмонда наметавонад ва барои ин ки амалро ифода кунем, феъли ёвари «кардан» ё ягон муродифи он зарур аст.
Аз чӣ сабаб бошад, ки аксаран «бунёд»-ро ба ҷойи «бунёд кардан» ба кор мебаранд ва чунин ҷумлаҳо бисёр ба мушоҳида меояд.
«Дар бунёди хирмани колхоз ҳисса гузоштанд»; Онҳо дар бунёди ҳаёти нав ҳамнафаси моанд»; «Ин ғарави муваффақиятҳо дар роҳи бунёди ҷамъияти нав мебошад» ва ғайра.
Дар ин ҷумлаҳо «бунёд» ба ҷойи «бунёд кардан»
омадааст, ки ҳаргиз дуруст нест. Охир маънои «бунёд»
чист? «Бунёд» таҳкурсии ва асос аст (ниг. «Фарҳанги забони тоҷикӣ»). Пас агар дар ҷумлаҳои боло «бунёд»-ро ба «таҳкурсӣ» ё «асос» иваз кунем, гапи бемаънӣ ҳосил мешавад. Масалан, «дар таҳкурсии хирмани колхоз ҳисса гузоштан» чӣ маъно дорад? Маъно надорад.
Барои ин ки ҷумлаҳои боло ислоҳ шавад, ҳаминро ба назар гирифтан даркор аст, ки «бунёд» исм аст, амалро ифода намекунад ва ба ҷойи феъл омада наметавонад. То аз «бунёд» феъл насозем, яъне «бунёд кардан» нагӯем, дар ҷумлаҳои боло матлаб ҳосил намешавад. Бунёд кардан сохтан, ба вуҷуд овардан аст.
Аз ин рӯ, дар ҷумлаҳои боло «бунёд кардани хирмани колхоз», «бунёд кардани ҳаёти нав», «бунёд гузоштани ҷамъияти нав» гуфтан даркор буд.
Аз ин ду ҷумла, ки паси якдигар омадааст, бедиққатии муаллиф намоён аст; «Вай дар бунёди бисёр иншоотҳои азим иштирок менамояд. Вале як умр дар дил орзуи бунёд кардани электростансияи пуркудратро парваридааст». Чунонки мебинем, «бунёд» дар ин ду ҷумла ду бор зикр шудааст, аммо дар ҷумлаи дувум дуруст—ба шакли феъл, дар ҷумлаи якум нодуруст—ба шакли исм истифода гардидааст. Яъне модомки муаллиф дар ҷумлаи дувум шакли дурустро ёфтааст, агар андак диққат мекард, мефаҳмид, ки худи ҳамин матлаб дар ҷумлаи якум нодуруст ифода шудааст.
Афсӯс, ки рафиқон ҳамин андак диққатро дареғ медоранд ва бисёр хатоҳо аз ҳамин ҷо сар мезанад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё