Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

МаърифатАдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

сабук ва зебо ҳаст, ки дар сохтани онҳо аз «-кунӣ» худдорӣ кардаанд.
Чунончӣ, дар ин байти Аҷзӣ:

Ба сар чоҳе кан, обе каш зи баҳри манзилободӣ, Хаёли осмонгардӣ макун, бош аз заминиҳо.

Манзилободӣ калимаест, ки агар имрӯз сохтани он ба зиммаи баъзе рафиқон мемонд, ҳатман манзилободкунӣ мегуфтанд. Аммо аз ин байти Аҷзӣ маълум мешавад, ки фурӯгузошти асоси феъли «кардан» ба маънои он ҳеҷ осеб намеовардааст, балки шакли дилнишине ба он мебахшидааст, яъне онро ҳатман маҳз ба ҳамин тарз сохтан даркор будааст.

Ин тарзи сохтани калимаи муракқаб, яъне фурӯгузошти асоси феъл дар замони мо ҳам дида мешавад.
М. Турсунзода чунин байте дорад:

Зан ба ман маълум шуд, ки офтобӣ будааст,
Қори ӯ ҳам дилбарӣ, ҳам дилхаробӣ будааст.

Ин ҷо дилхаробӣ айнан ба тарзи манзилободӣ сохта шудааст ва ба ҷойи дилхаробкунӣ омадааст.

Агар гумон кунем, ки Аҷзӣ ва Турсунзода асоси феъли «кардан»-ро фақат ба тақозои талаботи шеър партофтаанд, саҳв хоҳем кард. Албатта, ҳусни сухани мавзуни шоирона низ ин ҷо шояд дар назар бошад, лекин умуман ин тарзи калимасозӣ дар наср ҳам дида мешавад ва яке аз ҳодисаҳои маъмулии забон аст.

Майли забон ҳамеша ба сӯйи сабукӣ, равонӣ ва зебоӣ аст. Ба ин ҳақиқат ҳам аз гуфтугӯйи мукаррарӣ ва ҳам аз таърихи забони адабии классикии худ бовар ҳосил мекунем. Дар замони оммавӣ шудани забони адабӣ (чунонки дар замони мо дида мешавад) мумкин аст, ки дар баъзе мавридҳо ҳусни он коҳиш ёбад. Пешгирии ин ҳодиса вазифаи ҳар як қаламкаш аст. Яке аз ҷузъҳои муҳими ин мубориза, ба назари мо, худдорӣ аз асоси феъли «кардан» дар калимасозӣ мебошад.

КАЛИМАҲОЕ, КИ БО «-ШАВӢ» СОХТА ШУДААНД

1

Он чиро, ки дар баҳси боло гуфтем, айнан дар хусуси калимаҳое, ки бо «-шавӣ» сохта шудаанд, гуфтан
лозим аст. Чунонки аксари «-кунӣ»-ҳо зиёдатианд, аксари

пешина
аз 393
навбатӣ