Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

АдабиётФарҳангМаърифат
Аз аввал хондан

Шакли аслии ин калимаҳо хонавайронӣ, хонахаробӣ, хонадомодӣ, аспсаворӣ, гумномӣ, дигаргунӣ мебошад. Чаро?
Мо дар боби гузашта дида будем, ки ба калимаҳои манзилободӣ ва дилхаробӣ асоси феъли «кардан», яъне «-кунӣ»-ро илова намудан мумкин нест. Худи ин калимаҳо бе асоси феъл ҳам маънои матлубру ифода мекунанд. Яъне ба ин калимаҳо асоси ягон феъли дигарро ҳам илова кардан мумкин нест. Масалан, манзилободсозӣ (аз феъли «сохтан»), манзилободгардонӣ (аз феъли «гардондан»), инчунин дилхаробсозӣ ё дилхаробгардонӣ гуфтан ниҳояти бетабъӣ мебуд. Онҳо ба асоси феъл ҳеҷ эҳтиёҷ надоранд ва асоси феъл ҳам маънои онҳоро хароб мекунад, ҳам ҳуснашонро аз байн мебарад.
Калимаҳои хонавайронӣ, хонахаробӣ, хонадомодӣ, аспсаворӣ, гумномӣ ва ғайра низ аз ҳамин ҷумлаанд. Онҳо бо манзилободӣ ва дилхаробӣ ҳамсохт мебошанд. Пас, ба онҳо ҳам асоси ягон феъло, аз ҷумла «-кунӣ» ва «шавӣ»-ро илова кардан мумкин нест. Ба онҳо асоси феъл илова кардан чунин маъно дорад, ки маънову моҳияти аслии онҳоро ба назар нагирифтаем, фаромӯш кардаем, ки онҳо табиатан на фоилият ва на мафъулиятро ифода намекунанд, фоилияту мафъулият фақат аз мазмуни ҷумла ва хабари он маълум мешавад. Агар ба онҳо асоси феъл илова кунем, моҳиятан маъниеро, ки хилофи табиати онҳост, зӯран ба гарданашон мегузорем. Ба онҳо асоси феъл илова кардан натиҷаи ба назар нагирифтани табиати калима ва забон аст, зӯроварӣ ба забон мебошад, ҳусни калима ва садои гӯшнавози онро нест мекунад. Акнун бинем, ки агар дар ҷумлаҳои боло калимаҳои мазкурро аз -шавӣ озод кунем, ҷумла чӣ шаклу маъно мегирад.
«Гӯё онҳо аз хонавайронии ӯ хурсанд буданд». «Ӯро аз хавфи хонавайронӣ озод намуд» (беҳтар ин ки «халос намуд» гуфта шавад). «Ин ҳолат ба хонахаробии мазлумон сабаб мегардид». «Аксар аз хонадомодӣ ор мекарданд», «Рубоиро аз гумномӣ боздошт» ва ҳоказо.
Магар дар ин шакл, яъне дар натиҷаи бе «-шавӣ» омадани калимаҳо маънои ҷумла дигар шуд? Не, дигар нашуд, маъно боз ҳамон аст, ки буд, аммо калима ба шакли аслии худ даромад, на фақат калима, балки ҷумла ҳам сабуктар шуд.

пешина
аз 393
навбатӣ