Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа
Расми 1. Намуди умумии Оқсукон
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқсуконкӯл конест, ки лойқаи он дорои сифати баланди давоӣ буда, дар қатори беҳтарин лойқаҳои давоии Тамбукан (Пятигорск), Одесса, Саки ва ғайраҳо меистаду серистеъмол мебошад.
Ҷараёни пайдоиши лойқаи давоӣ танҳо аз омехташавии механикии намак, лойқа, таркиботи унсурҳои кимиёвӣ набуда, балки ин натиҷаи таъсиру робитаи мутақобилаи об, намакҳо, гилхок ва микроорганизмҳои гуногун мебошад. Лойқаи шифобахши Оқсукон бастаи сиёҳи равғанмонанд буда, қабати поёниаш ранги хокистарӣ дорад ва аз он ба димоғ бӯйи бади гидрогенсульфид мерасад. Ғафсии қабати лойқаи давоӣ аз 5 то ба 20 см. (қисми ғарб) ва дар қисми шарқ ба 30 — 40 см. мерасад. Лойқаи давоӣ асосан дар қисми шарқии кӯл ҷойгир шудааст, ба самти ғарб тадриҷан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё