Зеҳн
Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа

ИлмСаломатӣЭкология
Аз аввал хондан

физиологияи бемор аз нав барқарор мегардад, тани дардкуки инсон сиҳату солим мешавад.

Истифодаи лойқаи давоӣ дар кадом поя аст ва онро баҳри табобати кадом бемориҳо истифода мебаранд?

Ҳанӯз дар асри Х саромади табибони ҷаҳон Абӯалӣ ибни Сино дар асари ҷовидонии худ «Қонуни тиб» таъкид намуда буд, ки лойқаи намакдор қобилияти хуби муолиҷавӣ дорад.

Маълумотҳои мавҷуда ба он далолат мекунад, ки одамон аз замонҳои қадим барои муолиҷа ба Оқсукон омада мерафтанд. Санадҳои мавҷудаи таърихӣ ба он ишора мекунанд, ки то Ҷанги Якуми ҷаҳон дар назди кӯли Оқсукон табобатгоҳи шахсӣ амал мекард. Он вақт ин «табобатгоҳ» на дар заминаи илми тиб, балки ҳамчун ҷойи «муқаддас» барои ихлосмандон маънидод карда мешуд. Дар гузашта дардмандону ҳоҷатмандон лойқаи шифоиро пеши дасти худ ба кор мебурданд. Бо ин мақсад дар дохили лойқа чуқуриҳо меканданд, шахси беморро соатҳои дароз дар зери лойқа мехобониданд. Аз ин амалиёт агар қисме аз дардмандон шифо меёфтанд, қисми дигарашон ба касалии дигар гирифтор мешуданд, вазъи саломатии бемор вазнинтар мегашт. Ба ҳар ҳол, аз рӯйи маълумотҳои И.И. Исмоилов бармеояд, ки аз охирҳои асри XIX то ибтидои асри XX ҳар сол барои табобат ба Оқсукон беш аз 50000 нафар одамон омада мерафтанд (Исмоилов И.И. Душанбе. 1988, с. 122-123).

Фақат дар соли 1930 кормандони тиб ба рафти истифодаи лойқаи шифобахши кӯли Оқсукон назорат мебурдагӣ шуданд ва ба ҳоҷатмандон тарзи истифодаи лойқаро тавсия медоданд. Аз соли 1951 бо мақсади

пешина
аз 93
навбатӣ