Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа
осоишгоҳҳои Хоҷаобигарму Обигарм, санаторияи Зумрад, табобатхонаи физиотерапевтии вилоятии Ғӯлакандоз (ноҳияи Ҷаббор Расулов), Конибодом, Қайроққум ва ғайра истифода мебаранд. Ҳар сол даҳҳо тонна лойқаи Оқсукон ба муассисаҳои табобатии ҷумҳуриҳои ҳамсояи Узбекистону Қирғизистон фиристода мешавад. Ҳаҷм ва миқёси истифодаи ин лойқаи давоӣ сол аз сол боло меравад. Ҳоло барои табобат бо лойқаи мӯъҷизакори Оқсукон ба Тоҷикистон аз давлатҳои ҳамҷавори Узбекистон, Қирғизистон, инчунин аз Қазоқистон, Россия ва ғайра меоянд.
Мавзеи Оқсукон инчунин манбаи хуби истеҳсоли намак ҳам мебошад. Захираи намаки ошӣи Қамишқӯрғон беш аз 1 миллиард тоннаро ташкил медиҳад. То соли 1990 ҳар сол аз ин кон 35 ҳазор тонна намак истеҳсол карда, талаботи аҳолии ноҳияҳои шимолии Тоҷикистон ва вилоятҳои Фарғона, Андиҷон, Ҷиззах, Самарқанд ва Сурхондарёи Узбекистонро бо ин маводи муҳими рӯзгор таъмин менамуд.
1.2. Истифодаи оқилона ва ҳифз
Дар аввали ин қисмат нисбати табиат, аҳамияти табобатӣ ва истифодаи лойқаи давоии Оқсукон тавакқуф намудем, вале агар оид ба истифодаи оқилонаи лойқаи давоӣ ва ҳифзи ин неъмати нодир ҳарф назанем, чораҳои бардавом намудани умри ин лойқаи нодирро нишон надиҳем, шарҳи ҳоли он нокифоя ва яктарафа хоҳад буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё