Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа
Сабаби дигари бад шудани сифати лойқаи давоӣ ин барвақт хушкидани оби болои лойқа мебошад. Пас, бо мақсади аз хушкидани бармаҳали тобистонаю тирамоҳӣ боздоштани оби кӯл ва муҳайё намудани ҷараёни муътадили физикӣ, кимиёвӣ ва биологии он аз дигар манбаъҳо об оварда ба кӯл дохил кардан аст. Ба пиндори мо дар яке аз гӯшаҳои кӯл ё халиҷҳои он ҳавз - озмоишгоҳ сохта, рафти пайдоишу ташаккул ва барқароршавии хосиятҳои давоии лойқаро омӯхта, хулосаҳои дуруст бароварда шавад. Танҳо пас аз чунин озмоиши ҷиддӣ онро барои қисмҳои боқимоидаи кӯл татбиқ кардан раво мебуд. (Ҳ. Очилов, Ҳ. Аброров. Л. 2003, с.123).
Масъалаи дигаре, ки ба ҷараёни ташаккули лойқаи давоӣ ва миқдори он робитаи бевосита дорад, ин воридоти шӯробаи чашмаҳои атроф ба кӯл мебошанд. Дар фасли тобистон оби чашмаҳои талу теппаҳо ва доманакӯҳҳои ҳавзаи кӯли Оқсукон мехушканд ва шӯробаи онҳо ба кӯл омада намерасанд, қисми дигари онҳо ба таври сунъӣ дар ҳавзҳо боздошта шуда, аз онҳо намаки ош тайёр мекунанд. Барои нигоҳ доштан ва барқарор гардидани хосиятҳои давоии лойқа гилзати (консентратсияи) оптималии онро дарёфт намуда, сипас ин нишондиҳандаро якхела нигоҳ доштан лозим меояд.
Чуноне ки дар боло ишора намуда будем, охирҳои тобистон оби кӯл бухор шуда, болои кӯлро қабати тунуки намак мепӯшонад. Агар дар ин ҳангом рӯйпӯши намакӣ намебуд, лойқаи давоӣ тамоман мехушкид, он гоҳ хосиятҳои давоияш барҳам мехӯрд. Вале агар рӯйпӯши намакӣ пайдо шавад, баъзе раванди биологӣ ба таъзӣқ дучор мегардад. Аз ин хотир мақоми рӯйпӯши

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё