Зеҳн
Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа

ИлмСаломатӣЭкология
Аз аввал хондан

Маълум аст, ки дар ҷумҳуриамон сол то сол муассисаҳои нави табобатӣ кушода мешаванд, мумкин аст яке аз воситаи табобатӣ беморон лойқа давой бошад. Дар ин раванд истифода ва харҷи лойқа меафзояд. Бино бар ин на танҳо ғами дардмандони имрӯзаро хӯрддан, ҳоҷати онҳоро баровардан, балки ғами наслҳои ояндаро дар мадди назар дошта, лойқаи давоии Оқсуконро сарфаю сариштакорона истифода бурда, ба нобудшавии беасос роҳ надодан лозим аст.

Олимон Р. Б. Баротов ва В. П. Новиков навиштаанд, ки барои бахшидани умри бардавом ба кӯли Оқсукон аз ҳозир чораҳои амиқи тадқиқотии муҳандисию геологӣ, гидрогеологӣ ва ба андешаи мо, илова бар онҳо тадбирҳои экологӣ ва тиббию иқтисодӣ гузаронида шавад. Шароите фароҳам овардан лозим аст, ки барқароршавии лойқаи шифокор аз миқдори солонаи истифодаи он кам набошад. (Ҳ. Очилов, Ҳ. Аброров. Л. 1995, с.37).

Солиёни дароз садҳо тонна лойқаи давоии Оқсукон ба муассисаҳои табобатии ҷумҳурии худамон ва давлатҳои ҳамсояи Ӯзбекистону Қирғизистон кашонида мешаванд. Мувофиқи қоида лойқаи давой пас аз истифода, бояд ба кӯл баргардонида шавад, то ин ки дар давоми 3-6 моҳ қобилияти давоии худро аз нав барқарор намояд. Барои ҳамин ҳам ба муассисаҳои тиббӣ зарур аст, ки лойқаи истифодашударо ҳатман бе талафоти куллӣ ба кӯл баргардонанд. Вале мушоҳидаҳо ба он далолат мекунанд, ки ин талаботи одилона иҷро намешавад. Пас, зарур аст, ки давргашти лойқаро ба низом дароварда, ба андозаи давргашт назорати қатъию доимӣ бурда шавад. Ранҷурони худомада лойқаи давоиро худсарона истифода мебаранд ва илова бар он ин лойқаро ба халтаҳои селофанӣ андохта ба

пешина
аз 93
навбатӣ