Зеҳн
Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа

ИлмСаломатӣЭкология
Аз аввал хондан

Ин дарёкӯлҳо ба ҳисоби миёна 1,5-2 км тӯл, 60-150 м паҳнӣ, 0,4-8 м умқ ва 9-10 то 40-49 г/л маъданнокӣ доранд.

Дар таркиби аксарияти дарёкӯлҳои дарёи Панҷ йод (то 0,74 мг/л), бром (то 22 мг/л) ва кислотаи метаборат (то 15 мг/л) муқаррар (маълум) карда шудааст.

Дар зери оби ҳамаи ин кӯлҳо қабати лойқа мавҷуд мебошад, ва ғафсии онҳо аз 0,15 то 0,6 м мерасанд. Лойқаи кӯлҳои Дарахтикӯл, Беном, Охташкӯл хосияти беҳтари давой доранд ва ба талаботи гилдаво ҷавобгӯй мебошанд.

Намнокии гил (лойқа) аз 37% то ба 50%, моддаҳои органикӣ дар кӯлҳо аз 0,70% то ба 1% мерасанд. Вазни қиёсии лойқаи Дарахтикӯл - 1,45 г/см3, дар Охташкӯл - 1,69 г/см3, дар кӯли Беном 1,42 г/см3-ро ташкил медиҳад (А.О. Орифов и др. Д. 2006, с. 92-93).

Дар байни дарёкӯлҳои поёнҷараёни соҳили рости дарёи Панҷ Шӯркӯл (Шуккӯл) беҳтар омӯхта шудааст. Шӯркӯл - 6 км ҷанубу ғарбтари шаҳраки Панҷи Поён дар болои зинаи (террасаи) якуми дарёи Панҷ воқеъ гаштааст, ба моҳи хилол монанд буда, 3-4 км тӯл, 100-150 м паҳнӣ ва 0,3-0,5 м умқ дорад. Дар самти ҷанубии кӯл бо паҳноии 50-100 м зинаи якуми дарё, ки аз гилҳоки хокистарранг дошта, иборат аст доман паҳн намуда, болои онро қабати тунуки намаки сафед пӯшонидааст. Дар самти ҷанубу шарқии кӯл дар сатҳи зинаи дуюми дарёи талҳои (хомаҳои) регии ниммустаҳкам ҷойгир шудаанд. Дар байни хамидаи хомҳо регҳокҳои хокистарранг дучор мешаванд. Дар самти шимол ва шимолу ғарбии кӯл ҳамвории тахти регҳоки ранги хокистари дошта мавҷуд аст.

пешина
аз 93
навбатӣ