Зеҳн
Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа

ИлмСаломатӣЭкология
Аз аввал хондан

боқимондаи маҷро ва печутоби қадимаи дарёи Чубак мебошанд.

Дарёкӯлҳои маҷрои қадимаи дарёи Чубакро аз ҷиҳати мавқеи географиашон ба Шарқӣ, Шимолӣ, Марказӣ ва Ҷанубӣ ҷудо мекунанд, аз ин гурӯҳҳо кӯлҳои Шарқӣ ва Шимолӣ қиммати шифоӣ доранд.

Кӯлҳои Шарқӣ 170-180 м дарозӣ, 3-17 м паҳнӣ ва 0,25-1,0 м умқ доранд.

Қаъри ин кӯлҳо бо лойқаи сиёҳи часфак ва ҳарораташон гарм (25-50°С) пӯшидашуда аст. Ғафсии лойқа аз 0,1-0,2 м ва то ба 3 метр мерасад. Захираи умумии лойқа қариб ба 110-120 м³ мерасад, инчунин дар канори кӯлҳо лойқаи хушк шуда 5-10 см ғафсӣ дорад. Ҳар қадар ғафсии лойқа зиёд бошад, ҳарораташ ҳамон қадар баландтар мешавад. Ин ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки раванди геохимиягӣ бо шиддат мегузаштааст.

Ғизогирии кӯлҳо аз ҳисоби полоиши (филтратсияи) оби намакдори дарёи Чубак рух медиҳад, зеро оби дарё аз сатҳи кӯлҳо баландтар воқеъ гаштааст. Ба дарёкӯлҳои Шарқӣ инчунин оби чашмаҳои шӯри аз гумбази намакии Хоҷамӯъмин сарчашмагиранда омада дохил мешаванд.

Маъданнокии шӯробаи дарёкӯлҳои Шарқӣ аз 57,82 г/дм³ (қисми шимол) то ба 110-134 г/дм³ мерасад. Таркиби химиявии чашмаҳои кӯлҳои Шарқӣ хлоридию натригӣ мебошанд (А.О. Орифов и др. Д. 2006, с. 96-97).

Кӯлҳои Шимолӣ шимолтар аз кӯлҳои Шарқӣ ҷойгир шуда 230-250 м дарозӣ, 15-40 м паҳнӣ, 0,1-1,0 м умқ доранд. Захираи лойқаи дар ин кӯлҳо ҷой гирифта тақрибан ба 160-170 м³ мерасад. Ғафсии лойқа аз 0,1 то

пешина
аз 93
навбатӣ