Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа
бисёранд. Дар байни ғорҳои омӯхташуда ду ғор беш аз 500 м дарозӣ ва 2 ғори дигар беш аз 100 м умқ дорад. Масалан, ғори Сирки Калон хобиши уфуқӣ дошта ба масофаи 1150 м тӯл кашидааст ва умқаш ба 120 м мерасад. Ғори Мӯъҷизаи Шӯр низ хобиши уфуқӣ дошта 869 м тӯл кашидааст, умқаш 63 метрро ташкил медиҳад. Ғори Қуллавӣ ба тарзи амудӣ 322 м тӯл кашида, умқаш ба 121 м мерасад.
Дар байни ғорҳои гумбази Хоҷамӯмин ғори «Паланг» беҳтар омӯхта шудааст, аз дохили он овози мусиқии гӯшнавоз мебарояд.
Ин ҳодисаи мароқангезро бори нахуст муҳаққиқ Дзенс-Литовский А.И. (1966) шарҳ дода, онро шабеҳи «Мусиқии Эолӣ» (Эол-худованди бод (шамол) дар асотири юнони қадим мебошад) донистааст. Гоҳо аз дохили ғор садоҳои даҳшатнок низ ба гӯш мерасад. Оид ба шарҳи ин масъалаҳо дар байни сокинони маҳалҳои гирду атрофи ғор ҳар гуна ривоят ва афсонаҳо офарида шудаанд. Дар яке аз онҳо омадааст, ки дар дохили ғор девҳои бадкаҳру бадхайбат ҷамъ омада, бо якдигар гӯштин гирифта, қувваозмоӣ мекунанд. Ин ҳангом онҳо ба ваҷд омада бо тамоми ҳастиашон доду фарёд мекашанд.
Дар ривояти дигар омадааст, ки дохили ғор ҷойи ҷамъомади париён буда, гоҳо онҳо бо мақсади дилхушӣ ба ин макон ҷавонписарону ҷавондухтарони соҳибҷамоли рабуда овардаашонро мехоҳанд бо созу навоҳои дилошӯб тасхир ва ба худ моил кунанд. Дар ин ҳангом аз дохили ғор садоҳои хуш ба гӯш мерасад.
Сардафтари адабиёти навини тоҷик, олим ва нависандаи бузург Садриддин Айнӣ сабаби аз дохили

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё