Зеҳн
Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа

ИлмСаломатӣЭкология
Аз аввал хондан

баландиҳои 3780 (Шӯркӯл), 3825 (Сасикқӯл) ва 3952 м (Чукуркӯл) ҷойгир шудаанд.

Кӯлҳои шифобахш аз ҷиҳати пайдоиш ғудолашон тектонӣ, дарёкӯлӣ, карстӣ ва пиряхӣ мебошанд. Аз ҷиҳати морфометрӣ, ғизогирии обӣ, гидрохимиягӣ, физикӣ, таркиби биологи тафовут доранд.

Лойқаҳои шифобахш аз ҷиҳати пайдоишашон вулқонӣ, гили сулфидӣ (Оқсукон, Танобчӣ), сапропилӣ (дар поёнҷараёни дарёҳои Панҷу Вахш, Помири Шарқӣ), торфӣ (наздикии Обигарм ва ғайра) мешаванд, хосиятҳои ба худ хоси табобатӣ доранд.

Лойқаҳои давой қобилияти баланди гармиғунҷонӣ, валс қобилияти бади гармипрокандакунӣ доранд, микробҳои зараровари сатҳи пӯстро нобуд мекунанд.
Дар таркиби гилҳои шифобахш кислотаҳои озод, катализаторҳои фаъол, моддаҳои часпандаю гумусӣ, бактериофагҳо, моддаҳои фаъоли биологи (ферментҳо, ҳормонҳо, коллоидҳо, кислотаҳои органикӣ, газҳои гуногун) доранд. Баъзе аз онҳо ба сатҳи пӯст, дигарашон ба системаи асаб ва сеюмашон ба хун ворид шуда, ба организм таъсири гуногуни фаъол мебахшанд ва дар якҷоягӣ қобилияти ҳаётии баданро баланд мебардоранд, кори бофтаҳои пайвасткунанда, функцияи ғадудҳои усори дохилӣ, бо хун таъминшавии пӯст ва дигар манбаъҳои бемори баданро тезонида, ба мубодилаи моддаҳо ва барқароршавии қисмҳои иллатёфтаи ин ё он узв ва ё бофтаҳо кӯмак мерасонанд, дардро таскин мебахшанд. Яке аз таркиби мухими моддаҳои фаъоли биологи аз он иборат аст, ки дорои микроэлементҳои бор, манган, молибден, селен, мисс, синк, кобалт, йод, фтор ва ғайра мебошанд, фаъолияти узвҳо ва аъзоҳои баданро метезонанд.

пешина
аз 93
навбатӣ