Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа
китоб фаҳмо хоҳад шуд. Барои ҳамин ҳам мо ба ин китоб «Асрори кӯлҳои шифобахш» номгузорӣ намудем.
Маълумотҳо (таълифотҳо) доир ба кӯлҳои лойқаашон (гилҳояшон) шифобахш барои табибон, муассисаҳои тиббию табобатии Вазорати тандурустию ҳифзи иҷтимоӣ, ҷуғрофидонҳо, геологҳо, биологҳо, курортологҳо, физиотерапевтҳо, донишҷӯёну муаллимони ин соҳаҳои илму фан барои ба нақшагирандагони рушди иқтисод басо заруранд. Метавон ин китобро ҳамчун васоити таълимӣ дар донишгоҳу донишкадаҳо ва дигар муассисаҳои таълимии Ватанамон истифода бурд.
Азбаски китоби мазкур дар ин соҳа таълифоти аввалин аст, аз камбудиву норасоиҳо орӣ нахоҳад буд. Барои ҳамин ҳам, аз хонандагони гиромӣ эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки фикру андешаҳои худро доир ба ҳусну қубоҳи он тавассути расонаҳои ахбори умум ва ё ба таври шифоҳӣ ба муаллифон расонанд. Мо дар нашрҳои оянда баҳри бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ва фарогиртар шудани мазмуну муҳтавои масъалаҳои ба миён гузошташуда, кӯшиш ба харҷ хоҳем дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё