Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
Ходим таъзим карда баромада рафт.
— Аҷоиб, — ҳайрон фикрашро баён намуд Абдулҳамид, — дар ин сарзамин тоҷикон низ будаанд. Онҳо кай ва чӣ тавр ба ин диёр афтида бошанд? Шояд як вомехӯрдем.
— Эҳтимол аз асирони ҳарбӣ ягон нафарашон мондааст, — тахмин намуд Сафар. — Ҳоло ку соли 1980. Аз хотимаи ҷанг сиву панҷ сол гузаштааст. Пас, баъзеашон то ҳол зиндаву саломатанд. Гап сари он ки мо бо хоинони ватан вомехӯрем? Албатта не...
Садои тик-тики дар риштаи сухани Сафарро канд.
— Дароед! — ин бор баланд карда гуфт вай. — Боз чӣ гап?
— Ҳамшаҳриятон зораву тавалло дорад. Мехоҳад, ки овози шуморо шунавад. Бо забони тоҷикӣ суҳбат карданро пазмон шудааст, — аз ваҷоҳати ходими меҳмонхона пай бурдан мумкин буд, ки ӯ низ тарафдори хоҳиши меҳмон мебошад.
Чинҳои ҷабини Сафар гиреҳ хӯрданд. Даҳон кушода, сухани дагал гуфтани буд, ки Абдулҳамид ӯро нигоҳ дошт.
— Дӯстам, исто. Биё, беҳтараш ман ба сардори гурӯҳ муроҷиат кунам. Агар иҷозат диҳад, ба фикрам ҳеҷ кори баде намешавад. Ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад.
— Майлаш, — пас аз қадре фикр кардан розӣ шуд Сафар.
Абдулҳамид баромада рафт. Ходими меҳмонхона низ ҳуҷраро тарк намуд. Сафар ба бистар дароз кашид. Аммо худро нохинҷор ҳис мекард, гӯё дар сари сӯзан бошад. “Боз ин тоҷик аз куҷо пайдо шуд? Макру фитна ва тадбири ҷосусонае надошта бошад? Ба ҳар ҳол, ҳушёр будан лозим”. Хесту берун баромаданӣ шуд, ки ҳамҳуҷрааш зери обу арақ аз дар даромад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё