Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

осмонӣ баҳра бурданду ба амал овардани ҳуҷайраи насл хизмат мекард, маҳрум гардонидем ва бо ҳамин сабаб наслаш қатъ гашт. Ин гуна ҳодисаҳо дар инсон ҳам рӯй медиҳад. Масалан, шоири туркнажод Машраб-ро ба хотир биёварем. Ҳангоми дар Қошғар дар даргоҳи пешвои дини ислом Офоқҳоҷа буданаш, Офоқҳоҷа солихӯрда ба яке аз занҳои ҷавони худ рашк карда, ҳамчун ҷазо, мӯҳри фулуззиро ба дараҷаи сурхӣ тафсонида, ба пушти гардани Машраби ҷавон зер кард ва аз ин амал шоири мазкур аз хислати мардии худ маҳ-рум гашта буд.

Ё бигирем, баъзе одамҳо хушрӯ набошанд ҳам, вале дилкаш ва дидадаро ҳастанд, онҳоро тоҷикони мо «ситорааш гарм» мегӯянд ё баъзе одамон, ки ҳатто агарчи хушрӯ бошанд ҳам, дилкаш нестанд ва мардуми мо ин қабил одамонро «ситорааш хунук» мегӯянд. Охир, намуди рӯи одам ба ситора ва ё ба сайёра ҳеҷ монандӣ надорад, вале барои чӣ писанд ё нописандии онҳо ба ситора нисбат додаанд? Ҷони гап ҳам дар ҳамин аст, ки таъсири ситора ва сайёраҳоро одамони мо ҳанӯз аз давраҳои қадим пай бурда буданд. Касонеро, ки «ситорааш гарм» мехонанд, албатта хислатҳои маҳмуда ва корҳои писандида дар онҳо зиёданд ва шахсонеро, ки «ситорааш хунук» медонанд, ҳамон тавр хислатҳои номарғуб ва кирдорҳои номатлуб аз онҳо бештар зоҳир мегарданд. Аз инаш ҳам огоҳ кунем, ки онони «ситорахунук» ҳам барои худ одамони мувофиқи табъро меёбанд, бо онҳо унс мегиранд ва ғайра.

Инак, ҳамаи сайёраҳои номбаршуда ҳар шабонарӯзӣ бо навбати худ яксоатӣ бар мавҷудоти Замин ҳокимӣ мекунанд. Ин мафҳум дар як қатор китобҳои қадима дарҷ гардидааст, ки вақтеро «соати Зуҳал» ва вақти дигарро «соати Муштарӣ» ва ғайра медонанд.

ФАСЛИ ДУЮМ.

ДАР БАЁНИ ҒИЗО, ДАВОИ ЗУЛХОСИЯТА, АЗ ПОДЗАҲР ВА ЗАҲР, ДАВОИ МУСҲИЛ ВА МУЛАППИН ВА ҚИСМҲОИ ҲАР ЯК АЗ ОНҲО.

Бояд донист, ки ғизо ва даво ҳар яке аз модда иборат анд, кайфият ва сурат низ доранд. Модда ва сурат — ин ҳар ду ҷавҳар мебошанд, вале кайфият (гармӣ,

пешина
аз 702
навбатӣ