Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
алокузанӣ ро гирифта, дар равған андохта, шаш моҳ дар офтоб гузоранд, барои дафъ кардани качалӣ (кальяра), ки ҳарчанд кӯҳна шуда бошад ҳам, даво мешавад.
Алокузанги сӯхтаро бо ҳардал (горчица) даромехта бимоланд, мӯй мерӯёнад.
Миқдори хӯрдани он аз сӯхтааш дар як рӯз як адад аст. Гуфтаанд, ки агар аз сеяки грамм зиёда бихӯранд, қаттол аст. Беҳтар он, ки инро ба дарун истеъмол накунанд. Ва агар бихӯранду зарар кунад, дарҳол оби шибитро, ки дар равғани гов ҷӯшонида бошанд, нӯшида қай кунанд, равғани зағир бихӯранду қай намоянд; равғани гулисурх ва сафедии тухми мурғ дар сӯрохи закар бичаконанд.
- Гург
Ин ҳайвони ваҳшии маълум аст, ду навъ мебошад:
навъе бисёр далер, ҷонварони ваҳширо дошта мехӯрад, инчунин аз хӯрдани чорпоёни мардум ҳам сар намепечад; навъи дигаре гурги дӯлта ном дорад, ки ин намудаш ҷонварони мурда ва кушташударо тӯъмаи худ мегардонад. Қисми дуввумаш барои даво шоиста нест.
Мизоҷи гург дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: ҷигарашро бихӯранд, барои бемориҳои ҷигар бағоят фоидабахш аст. Миқдори ним грамми онро соида, агар табнок бошад, бо об ва агар таб надошта бошад, бо шароб бихӯрад, барои истиско (водянка) ва табҳои сардмизоҷ дору мешавад; бо сиканҷабин (сиркоасал) бихӯрад, зардпарвинро шифо мебахшад ва бо оби барф биёшомад, барои бемориҳои сипурз нафъ дорад.
Миқдори як бор хӯрдан аз ҷигари он дар як рӯз
0,5 грамм аст.
0,5 грамм заҳраи онро бо шароби мусаллас ё бо асал биёшоманд, таби дурӯздармиёни кӯҳна, кулинҷ ва истискоро дафъ месозад. Миқдори як нахӯди онро бо обе, ки дар он нахӯд ҷӯшонида шуда бошад, бихӯранд, дар бобати қавӣ гардонидани боҳ (қуввати пушти камар) давои бемисл аст ва агар инро молида истанд, низ ҳамин асарро дорад.
Хоҳ инро бихӯранд ва хоҳ бимоланд, дар бобати

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё