Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

мешаванд: 1. Аммо он чӣ мувофиқ ва писанди бадан аст, пас фақат бо сурат таъсир мекунад, ки онро подзаҳр, яъне аз заҳр наҷотдиҳанда мемонанд. 2. Агар таъсираш бо модда ва сурат, яъне бо ҳар ду бошад, онро ғизои подзаҳрӣ мемонанд. 3. Агар чизи ба дарун истеъмолшуда бо кайфият ва сурат — ҳар ду таъсир бахшад, онро давои подзаҳрӣ мехонанд. 4. Агар бо ҳар се, яъне бо модда, кайфият ва сурат асар зоҳир намояд, онро давои ғизоии подзаҳрӣ мемонанд.

Агар таъсири он чизи ба бадани инсон дохилшуда бо мухолафат ва зиддият бошад, низ ба чанд навъ қисмат меёбад: 1. Агар фақат бо сурат таъсир кунад, онро самми мутлақ мемонанд. 2. Агар бо кайфият ва сурат — ҳар ду таъсир дошта бошад, ин ҳам мартабаҳои худро дорад: а) Агар он чизи ба дарун истеъмолшаванда дар камоли қувват бошад, онро давои саммӣ мегӯянд ва б) агар дар камоли қувват набошад, он ҳам ба ду қисмат мешавад: ё он қуввати исҳоловарандагӣ дорад, ки ин ба се навъ ҷудо мешавад — ё қавӣ аст ё миёнаҳол ва ё заиф. Аммо қисми қавии он бо сурат ва кайфият бо ҳам якҷо таъсир мекунад, онро давои мусхили зулхосията мемонанд; аммо қисми миёнаҳол бо кайфият ва сурат — ҳар ду таъсир мебахшад, инро давои мусҳил мегӯянд; вале навъи заиф аксар ҳол бо кайфият, модда ва сурат — бо ҳар се таъсир мекунад, вале ҳамаи қисмҳои таъсиркунанда заиф ва ноқис, ки мебошанд, хусусан сурати он дар ин ҳолат бошад, инро давои мулаййин (сабук ва мулоимкунанда) мемонанд.

Маъно ва тафсилоти гуфтаҳои боло мухтасаран он
аст, ки: ғизои мутлақ онро мегӯянд, ки таъсир ва таъсирнокии он дар бадан фақат бо модда мебошад, на бо
кайфият ва сурат, ба ин тариқ, ки чун дар бадан ворид шуда, дар он бо воситаи кайфияти худ таъсир намояд, вале бадан аз он дар худ дигаргуние наёбад, аз
мизоҷи аслии худ нагардад, балки бар он чизи воридшуда дастболо гашта, қобилияти онро ба феъл овараду
онро аз сурати ғизо ба сурати ҳилтӣ табдил диҳад ва
ба узви бадан ҳамроҳ гардонад ва он чиз актори (ҷиҳатҳои) сегонаи баданро, яъне ба бар, ба қад ва ба
ғафсӣ биафзояд ва фоидабахш гардонад, онро ғизои
мутлақ меноманд. Масалан инҳо: обгӯштҳои сабуки
форам (шӯрбои гӯштдори бо нахӯд, лӯбиё, наск ва ғайра пухташуда), тухми мурғи нимпухта, гандум ва дигар

пешина
аз 702
навбатӣ