Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

ва аз болои ин чизҳо шир ошомидан ҷоиз нест. Зеро бемориҳои гуногунро ба амал меоварад.

Мизоҷи ширҳо умуман мураккабулқувват бо ҳастии ҳарорат ва рутубат аст. Ба қавли як қатор табибон дар дараҷаи якум гарм ва дар дуввум тар аст.

Хислатҳои шифобахши он: ҳамаи ширҳои ҳайвонот поккунанда ва дафъкунандаи ахлоти сӯхта аз бадан мебошанд, қувватбахш ва фарбеҳкунандаанд ва мувофиқи аъзои таносуланд. Фатво медиҳанд, ки шир барои одамони гарммизоҷ ва хушкмизоҷ мувофиқ мебошад ба шарте, ки агар дар меъдаи онҳо моддаи сафро набошад.

Агар бичаконанд, дарди чашм ва аксари бемориҳои чашмро шифо мебахшад.

Шири ҳар як ҳайвонро бимоланд, варами мақъадро таҳлил ва дардашро таскин медиҳад; захми ҳиҷакро ба ибро меоварад; варамҳои зери ноф ва бачадонро таҳлил медиҳад. Агар биёшоманд, рутубатҳои аслии баданро нигоҳ медорад, умрро дароз мекунад, баданро фарбеҳ мегардонад; боҳро ба ҳаракат меоварад, хусусан шири говмесро (буйволро) бо шакар биёшоманд, таъсираш дар ин бобат зиёдтар аст. Бар зидди ҳамаи захрҳои қаттол падзахр мебошад ва доруи ҳамаи давоҳои бадбӯ ва хӯрандаи узв мебошад.

Агар ширро бимоланд, доғҳои баднамои баданро пок мегардонад.

Ширро биёшоманд, ранги рухсорро неку мекунад, хусусан агар одамони гарммизоҷ ва қоқбадан бо шакар бихӯранд, баданро фарбеҳ мегардонад ва агар ширбиринҷ пухта тановул намоянд, дар ин бобат боз ҳам хубтар аст.

Оби панирро бимоланд, доғи кунҷидак ва дигар доғҳои пӯстро дафъ мекунад ва агар инро бинӯшанд ҳам, ҳамин таъсирро дорад. Оби панирро бо ҳалила биёшоманд, кӯтур ва хоришро шифо мебахшад.

Табибони Ҳиндустон нӯшидани шири хомро, ба ғайр аз шири занон ва шири ҳар, пайдокунандаи бемориҳои гуногун медонанд. Шири гови навдӯшида, ки ҳанӯз гармии пистон дар он боқӣ бошад, бисёр фоидабахш ва аз қабили оби ҳаёт донистаанд. Вале шири бузи ҷӯшонидаро беҳтар медонанд. Тариқи ҷӯшонидани он ин тавр аст, ки ба миқдори чоряки шир оби ширини холис дохил карда, бо оташи мулоим биҷӯшонанд, то он ки об бухор шуда раваду шир бимонад. Пас баъд

пешина
аз 702
навбатӣ