Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

барои бемориҳои номбурда дору мебошад ва инчунин иллатҳои узвҳои даруни сина, дил, дилтапак (дилбозӣ), ғам, васвос ва тарсончакиро дафъ мекунад ба шарте, ки шир навдӯшида бошад ва гармогарм биёшоманд. Бояд буз ҳам ҷавон, фарбеҳ ва беиллат бошад. Хусусан дар ин бобат шири бузи сурх беҳтар аз шири бузҳои ранги дигар будааст.

Шири бузро гармогарм биёшоманд, дарунро мулоим мекунад, пешобро меронад, захми ҳичакро Бартараф мекунад.

Вале шири буз ба одамони сардмизоҷ ва тармизоҷ зарар дорад, бодангез аст, боиси оруғ ва ҳиққак (ҳикичок) мегардад.

Дар вақти аз шири буз панир тайёр кардан, оби панири онро гирифта бинӯшанд, барои манъ кардани исҳоли сафровӣ, бемориҳои аз сафрои сӯхта ходигашта, иллатҳои савдовӣ, зардпарвин ва барои одамони гарммизоҷ даво мебошад, бар бадан об медавонад.

Шири буз барои табҳои диқ (лоғаркунанда) ва табҳои гарми кӯҳна даво мешавад.

Агар ба шири буз зарпечак дохил карда биёшоманд, дар ин ҳолат обияти он барҳам мехӯрад ва ба ҷон рондан дарунро мебандад.

Тӯҳми райҳонро кӯфта, дар шири буз пухта гузошта банданд, варамҳо, пучак, чиртак ва донаҳоро мепазонад ва мекафонад.

Мегӯянд, ки шири буз ба узвҳои даруни шикам зарар дорад — давояш катиро хӯрдан аст.

г) Шири занон. Беҳтарини ин шир шири ҷавонзанони сиҳат ва мӯътадилмизоҷ аст ва агар духтар зоида бошад, боз ҳам хубтар.

Мизоҷи шири занон дар дараҷаи дуввум сард ва тар аст, агар духтар зоида бошад, мизоҷи шираш боз ҳам сардтар мегардад.

Хислатҳои шифобахши он: ошомидани шири занон майна ва халқумро намнок мегардонад, бастагии роҳи биниро мекушояд; сил, диқ (иллати лоғаркунанда), хушкни узвҳои даруни сина, захми шуш, сурфаи хушк ва хун кай карданро шифо мебахшад.

Агар инро дар бинӣ бирезанд, хушкни майна, варами пардаҳои майна ва худи майна, дарди сари гарми аз хушкӣ, беҷо шудани ақл, молихулиё, девонагӣ аз бисёрии сафро ва хун ҳодисшуда, бехобӣ ва монандӣ инҳоро дафъ мекунад. Инчунин латтаро дар он тар

пешина
аз 702
навбатӣ