Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

Заҳраи барзаговро дар аввали баҳор ба танаи дарахти мевагӣ бимоланд, самари онро кирм намехӯрад ва ба он кирм намеафтад.

Мизоҷи хуни барзагов бисёр гарм ва хушк аст. Агар инро бо орди ҷав хамир карда, ба варамҳои сахт гузошта банданд, онҳоро ба ислоҳ меоварад. Ва агар хуни онро бо хуни ҳайз даромехта бимоланд, дарди никрис (подагра)-ро, инчунин дарди буғумҳоро таскин медиҳад. Хуни барзаговро ҳангоми гулӯ буридан дарҳол 6 грамм бихӯранд, гулӯро хафа карда мекушад.

Пешоби барзаговро бимоланд, доғи кунҷидакро аз рухсора дафъ менамояд ва агар инро бо сирко даромехта, ба дандон бимоланд ё бо он даҳанро чайконанд, дарди дандонро таскин медиҳад.

Пешоби барзаговро бо испанд якҷо биҷӯшонанд ва баъд бо он моеи ҳосилшуда узви карахтро бишӯянд, ба ҳис меоварад — шифо мебахшад.

Чун тухми арпабодиёнро як шабонарӯз дар пешоби гӯсола тар карда, баъд бароварда хушконида, маҳин бикӯбанду ҳар рӯз мувофиқи бардошти табъ тановул намоянд, истиско (водянка)-ро шифо мебахшад.

Закари хушккардаи гӯсоларо кӯфта ё бо сӯҳон тароша карда бихӯранд, боҳро қавӣ мегардонад ва олати мардиро ба ҳаракат меоварад.

Хояи барзаговро хушконида, баъд бо сӯҳон тарошакардаи он ва ё равғани онро бихӯранд, барои сурфа, сустӣ ва захмҳои касабаи шуш, захмҳои меъда ва сустии он, инчунин барои сӯзиши пешоб (сӯзок) давои аҷоибест.

Равғани барзаговро ба ханозер, реш ва ҷароҳатҳо бимоланд, фоида дорад.

  1. Тухми мурғ

Ин ҷо тухми мурғи хонагӣ дар назар дошта шудааст, ки маълум аст. Беҳтаринаш он аст, ки дар ҳаҷм калон ва ҳамон рӯз мокиёнаш зоида бошад. Ҳарорати ҳаво бо мурури рӯзҳо онро палағда мекунад. Бинобар ҳамин дар айёми тобистон дар намак нигоҳ доранд, вайрон намешавад.

Мизоҷи зардаи он барои ҳамаи мизоҷҳои инсон мувофиқ ва форам аст ва андак моил ба гармӣ мебошад.

пешина
аз 702
навбатӣ