Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
мебандад ва намегузорад, ки моддаҳои ғайрӣ ба меъ-да рехта шаванд.
Тухми хоми мурғро бо равғани гулисурх ва кӯфтаи бобуна даромехта гузошта банданд, варамҳои чашм, ҳояҳо ва мақъадро таҳлил медиҳад. Инро бо мумрав-ған даромехта гузошта банданд, варамҳоро мегардо-над, асабҳоро мулоим месозад.
Тухми мурғро пухта, бо равғани гулисурх ва орди ҷав даромехта, ба пешонӣ бимоланд, фуромадани наз-лаҳоро манъ мекунад, луққос зада дард кардани чашмро шифо мебахшад; варами бавосир ва мақъад, инчунин луққос зада дард кардани ин узвҳоро ба ис-лоҳ меоварад. Агар инро бо асал сиришта бимоланд, доғи кунҷидак ва доғҳои сиёҳро аз пӯст дафъ мекунад. Агар танҳо худашро бимоланд, кафидан ва тарқидани узвҳои поёни баданро ба ҳам оварда сиҳат менамояд.
Чун 5—6 адад зардаи тухми мурғро бо зираи сиёҳ ва гули бобуна махин кӯфта, бо ҳам сиришта, ба кар-боси обнарасида молида, гарм карда, ба камар бичас-понанд, дарди миёнро таскин медиҳад ва миёнро қувват мебахшад. Агар ин зардаи тухмро ба карбосе, ки миёнаҷояшро гирдак сӯрох карда, молида, баъд гарм карда, ба варам ва ё ба пучак бичаспонанд, он-ҳоро пазонида мекафонад.
Хӯрдани зардаи тухм бо сафедааш ба одамони гарммизоҷ мувофиқ ва форам аст.
Равғани зардаи тухмро бимоланд, мӯйро мерӯёнад; ба узвҳои беҳаракату ростмонда ва ҷингакшуда, ки сабабаш зиёд гаштани балғам бошад, шифо мебах-шад.
Гирифтани равғани тухми мурғ ин тавр аст. Чанд тухмҳоро дар об ҷӯшонида мепазанд. Баъд зардаи онҳоро ҷудо карда, дар рӯи тунукаи оҳанӣ гузошта, бар болои оташ мениҳанд. Зардаи тухм сӯхта, равға-наш ҷудошавон равон мегардад. Агар равон нашавад, бо ягон чиз фишор медиҳанд, баъд равған ҷудо шуда, поён меояд.
Агар сафедаи тухми мурғро бихӯранд, дар бадан моддаҳои хомро, ки нодаркор мебошанд, пайдо мекунад, дер ҳазм мешавад. Агар инро бо орди ҷав даромехта ё пухта бихӯранд, хун қай кардан ва хунравиро аз ҳар ҷо, яъне аз поён ва аз боло манъ мекунад. Ва агар хоми онро гузошта банданд, дарди чашмро даво мебошад; тафси мақъадро таскин медиҳад, захмҳон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё