Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Ин ҷонвар ба ҳама маълум мебошад.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани малах қуввати боҳ мебахшад, баданро аз ахлоти ғафсгашта пок мекунад, бемориҳои касабаи шушро ба ибро меоварад; чакмезакро шифо мебахшад. Дувоздаҳ адад малахро бол, пой ва сари онро канда дур намуда, бо 3,5 грамм кӯфтан самари хушки мӯрд ё кӯфтан барги хушки он бихӯранд, истискоро (водянкаро) дафъ месозад; инчунин барои иллати махав фоида мебахшад. Малахро бо пойҳояш кӯфта бимоланд, озах, доғи кунҷидак ва кӯтури пӯстро дафъ менамояд, хусусан сӯхта, бо сирко сиришта бимоланд, қавитар мегардад. Даруни зочаи тухмашро кӯфта, ба доғи кунҷидак бимоланд, онро дур месозад. Малахи фарбеҳи беболи онро бирён карда бихӯранд, барои каждумгазида нафъ дорад. Навъи сабзи гардандарози онро, ки дар боғоту зироат ба ҳам мерасад, бо ришта баста, ба гардан овезанд, таби дурӯздармиёнро ба ибро меоварад. Агар малахи намаккардаро бихӯранд, моддаҳои носолимро дар бадан пайдо мекунад, дар пӯсти бадан кӯтур ва иллати хоришро ба амал меоварад, моддаҳои солими баданро месӯзонад. Агар ин тавр зарар расонад, сиканҷабин, анори майхуш, шираи тухми ҷилмангӯштак (семизут) бинӯшоманд, ислоҳ менамояд.
Агар малахро бисӯзанд, дигар малахҳо ин мавзеъро тарк карда гурезон мешаванд, вале агар нагурезанд, мемиранд.
- Хун
Мизоҷи хуни ҳамаи ҳайвонот гарм ва тар аст.
Хислатҳои шифобахши он: хуни ҳар як ҷонварро ба чашм кашанд, гули чашмро дафъ мекунад ва агар бимоланд, варамҳоро таҳлил медиҳад.
Агар онро бирён намуда бихӯранд, исҳолро мебандад, захрҳоро аз бадан дафъ мекунад.
Хуни боли кабутарро, ки нав пар бароварда бошад, ба чашм кашанд, шабкӯриро сиҳат мекунад.
Агар хун дар шикам ё дар даруни сина, ё дар рӯдаҳо, ё дар ҳичак шах шавад, кайфияти захр пайдо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё