Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

гудохтан, таҳлил додан ва монандӣ инҳо зоҳир мегарданд: инчунин таъсирҳои сеюминдараҷаро низ ҳамчунин меноманд, монандӣ реза-реза кардани сангҳои гурда ва ҳичак, кушодани гиреҳҳо, қувват бахшидан ба рӯҳҳо, ба бадан, инчунин дафъ кардани заҳрокшавӣ. Агар ин даво ба мизоҷи бадан, рӯҳҳо ва ҳаёти одамӣ мувофиқат кунад, подзаҳр ё тарйёк меноманд. Вале агар ба онҳо зид ва муносабат надошта бошад, онро заҳр меноманд, зеро аз он мухолифи феълҳои қувватҳо, арвоҳ ва мизоҷи бадан зоҳир мегардад. Бо ифодаи дигар гӯем, зулхосията он аст, ки таъсираш на бо кайфият, балки бо сурат мебошад. Аз ин ҷиҳат ин суратро сурати навъия меноманд, ки аз он ба навъҳои гуногун аз якдигар ҷудо гаштаанд ва ҳар яке ба худаш хос таъсир мебахшад. Хуллас, таъсири давои соддаи бокайфият нисбатан ҷузъист, вале таъсири давои мураккабулқуво аз он зиёда буда соҳиби ҷиҳатҳои бисёр аст.

Таъсири подзаҳр ва таррёк. Пас, бояд донист, ки таъсири подзаҳр бинобар мураккаб-ул-қуво будани он пойдор аст ва ҳам аз ҷиҳати муносабат ва ба сӯи худ кашидани он заҳрро мебошад, инчунин заҳр ҳам дар навбати худ ба сӯи подзаҳр майл мекунад, агар ҳар дуи инҳо бо ҳам вохӯранд. Дар ин амал подзаҳр баробари муҳофизат кардани арвоҳ, мизоҷ ва қувватҳои бадан, боз маҷроҳои баданро мекушояд, босуръат нуфуз мекунад ва ба ҷойҳои чуқури бадан фурӯ мераваду заҳрро ба худ мекашад. Ҳангоми он навъ — навъҳо, тарӣ, қувватҳо ва арвоҳи бадан ҳама бо ҳам алоқадор, инчунин муттаҳиданд ва иттиҳоди ягона ва табиати парваришдиҳандаи бадан, инчунин нафси ҳайвонии зуд ҳаракаткунандаю нигоҳдоранда — ҳама муттаҳид бошанд, инак, дар бадан ворид гаштани даво таъсири он ба тамоми бадан мерасад. Чунончӣ, ҳангоми сустӣ ва гуруснагии шадид баробари дар бадан дохил шудани давои қувватбахш ва ғизои сара (хусусан агар сабук бошад), ҳамон замон бадан қувват мегирад. Аммо таъсири ғизо баробари дар меъда ворид гаштан ба ду сабаб молик мегардад: 1. Он ки қисмҳои латифа (нозуки) он бо воситаи рутубати аввала, ҳарорат, қувватҳо, рӯҳҳо ва пайвасташавии онҳо бо ҳам дафъатан ба тамоми бадан мерасаду боиси афзоиш ёфтани қувватҳо ва рӯҳҳо мегардад. 2. Он ки табиати парваришдиҳанда ва ҳомии бадан он чӣ аз ғизо омада захира

пешина
аз 702
навбатӣ