Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Хислатҳои шифобахши сн: агар инро бихӯранд, бемориҳои сарди вобаста ба ҳолати майна ва бодии монанди: лисарғус (летаргия), фолич (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), суст ва нотавон гаштани узвҳо ва дарди сари аз хунукӣ ба ҳам расидаро шифо мебахшад, сӯрохи бандшудаи сари биниро мекушояд, назлаҳои сардро манъ мекунад, ҳамаи даҳ ҳисҳои баданро равшан ва бурро мегардонад, зеҳнро тез мекунад, иштиҳоро қувват медиҳад, дарди ҷигар ва сипурзро сокин мекунад.

Мӯи сарро тарошида, баъд хардалро хамир карда гузошта ба сар банданд, лисарғусро шифо мебахшад, назлаи хунукро манъ мекунад; агар онро бо асал хамир карда, ба пешонӣ гузошта банданд, дарди сарро таскин медиҳад ва назлаҳои пай дар пайро манъ месозад, дарди ҷигар ва сипурзро низ сокин мегардонад.

Агар кӯфтаи инро дар бинӣ бирезанд ё бо найча ба дарунаш пуф кунанд, каси саръгирифта ва беҳушро ҳушёр мекунад; бачадони ҳафашударо, ки гоҳ-гоҳ бемораш беҳуш мегардад, шифо мебахшад.

Инро дар об ҷӯшонида, худро ба бухораш бидоранд ва аз шамол хӯрдан эҳтиёт шаванд, гиреҳҳои рагҳоро дар даруни гӯш мекушояд.

Кӯфтаи хардалро бо об ва асал даромехта, ба чашм кашанд, пардаеро, ки чашмро торик мегардонад, дафъ мекунад ва дағалии пилкҳои чашмро лулоим ва ислоҳ мегардонад.

Хардалро дар об ҷӯшонида, ба он об асал даромехта, дар чашм чаконанд, шабкӯриро ба ислоҳ меоварад; дар гӯш ва ба дандон бичаконанд, дарди луккосӣ ва дарди дигари ҳар дуи ин узвро таскин медиҳад.

Чун тухми тари онро кӯфта, оби онро фишурда гирифта хушк намоянд ва баъд маҳин ос карда чун сурма ба чашм кашанд, ҳамаи бемориҳои чашмро шифо мебахшад ва пайдо шудани ҳар хел намудаҳоро дар он дафъ мекунад. Тухми онро бо анҷир якҷо кӯфта, чун шамъча сохта, дар гӯш гузоранд, дард ва чаранги онро дафъ месозад. Инро орд барин ос карда, бо шахдоб (асалоб) даромехта, бо он ғарғара кунанд ва ё онро дар даҳон бигардонанд, варами таги забон, гаронӣ ва сусту нотавон гаштани онро шифо мебахшад; дарди дандонро таскин медиҳад, дағалии роҳи нафасро, ки кӯҳна шуда бошад, ислоҳ мекунад. Агар

пешина
аз 702
навбатӣ