Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

Ин калима дар таъсири забони арабӣ монда, бодранҷӯя гаштааст. Ба русӣ лимонная трава (лимонная мята) ва мелисса меноманд. Ин дар ҳама ҷоҳои намнок меруяд. Қадди гиёҳаш то 85 сантиметр мехезад, ки ду навъ дорад: як намудаш хурдтар ва навъи дигареро баргнозуки дарозак, атрофи баргаш дандонадор, пояаш монандӣ райҳон пуршоҳ, гулаш бунафши монӣ ба сурхӣ, ки онро ба ҷои сабзӣ бо таом мехӯранд. Гули қисми дигараш майда ва гиёҳаш баҳорӣ ва тобистонӣ мешавад, ҳар сол аз тухм ва аз реша низ месабзад. Тухмаш ба тухми зағир монанд, вале аз он майдатар ва ғӯборнок. Қисми дуввумаш дар бӯй ба навъи якум шабоҳат дорад, каме тундтар, баргаш гирдак — ин навъаш низ намудҳои саҳроӣ ва бӯстонӣ дорад, аз як бех чанд шоҳ меруяд, баргаш нисбатан дағал ва дурушттар аст.

Мизоҷи ҳамаи намудҳои он дар миёнаи дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст. Ин гиёҳ мансуб ба сайёраи Муштарӣ мебошад. Ба қавли баъзе табибон мизоҷаш муътадил дар гармӣ ва дар дараҷаи дуввум хушк аст. Аммо қавли якум саҳеҳтар ва қавитар мебошад.

Хислатҳои шифобахши он: ин гиёҳ қувватбахши дил, манна, ҳамаи даҳ ҳисси бадан ва ҳисҳои меъдаву ҷигар аст. Агар бихӯранд ва бибӯянд, фараҳ мебахшад, гиреҳҳои узвҳои майнаро мекушояд, моддаҳои гафсро нарм ва рақиқ мекунад, дар хоб сиёҳӣ паҳш карданро ба ибро меоварад; барои ваҳшати савдовӣ, яъне тарсончаки аз зиёд шудани моддаи савдо дар майна, дилтанак (дилбозӣ), беҳушшавӣ, ҳиккаки (ҳиқиҷоки) бодӣ дармон мегардад. Агар бихӯранд ва гузошта банданд, моддаи савдоро таҳлил медиҳад, яъне пароканда месозад; бемориҳоеро, ки аз бисёр гаштани балғам ба амал омада бошанд, дарди рӯдаҳо, иллатҳои сурин ва гурдаро шифо мебахшад.

Баргашро бихоянд, бӯи шаробро дафъ месозад ва бадбӯии даҳанро дур мекунад — дар ин бобат хеле пуртаъсир аст.

10,5 грамм барги хушкашро бо 1,75 грамм танақори арманӣ (танақори сурх) бихӯранд, захми рӯдаҳо ва дарди ин узвҳоро даво мешавад.

13,5 граммашро бо 4,5 грамм танақори сурх биёшоманд, таъсири заҳри занбӯруғҳоро мешиканад.

пешина
аз 702
навбатӣ