Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Мизоҷи гулаш дар дараҷаи дуввум сард ва дар якум тар аст; мизоҷи баргаш сард ва хушк аст, мизоҷи хӯшааш дар дараҷаи якум сард ва тар мебошад бо қуввати қабзкунандагӣ, сӯзиш ва хушккунандагӣ.
Хислатҳои шифобахши он: ошомидани он саракунандаи бадан аст, ба дил ва майнаи гарммизоҷ қувват мебахшад, гиреҳи ҷигарро мекушояд, дарди сар, дарди чашм ва дилтапак (дилбозӣ)-ро дафъ мекунад; ташнагиро таскин медиҳад, сустии меъдаро ислоҳ медиҳад, табҳои тафснок ва сафровиро сиҳат мебахшад, ҳамаи бемориҳои аз гармӣ баамаломадаро ба ибро меоварад.
Дар хислатҳои мазкура арақи гулаш саратар аст назар ба истеъмоли худи гулаш ва қавитар аз арақи баргаш мебошад.
Ҷирми баргаш, яъне худи баргаш бо хислати радкунандагиаш намегузорад, ки моддаҳои нодаркор ва зарарнок ба узвҳо рехта шаванд ва он моддаҳоро дар ҷояш қабз мекунад. Агар оби баргашро дар офтоб ғафс гардонида бихӯранд, моддаҳои балғам, сафро ва савдоро бо исҳол дафъ месозад; барои иллати саръ (припадка) дору мешавад, ларзонидани табҳоро манъ менамояд, гиреҳи ҷигарро мекушояд, зардпарвинро шифо мебахшад, сипурзи сахтшударо чун аслӣ мулоим мегардонад, пешобро меронад, бӯғма (хафа) шудани бачадонро, ки гоҳ-гоҳ беҳушӣ меоварад, ислоҳ мекунад, дарди буғумҳоро таскин медиҳад, никрис (подагра)-ро шифо мебахшад, барои каждумгазида ва заҳрҳои дигар тарьёк мебошад.
Оби барги бедро нимгарм дар гӯш чаконанд, даруни онро аз чирк пок мекунад.
Шохҳои борик ва баргҳои онро дар об ҷӯшонида, дар он субҳ даромада нишинанд, фасоди аъзоро, яъне вайрон шудани ҳолат ва феъли узвҳои баданро дафъ мекунад. Агар баргҳои онро паҳн намуда, дар болояш бихобанд, ҳарорати ҷигар ва дилро, яъне тафси ин узвҳоро сокин месозад.
Хӯшаи бедро хоҳ кӯфта гузошта банданд, хоҳ дар об ҷӯш дода, он обро бинӯшанд, зарбаи расидаро, ки ба саққои чашм осеб расонида бошад, сиҳат мебахшад. Агар инро кӯфта гузошта банданд, хунравиро манъ мекунад.
Барги тарашро кӯфта гузошта банданд ва оби он баргро бинӯшанд, исҳоли хунинро манъ месозад. Араки

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо