Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

аммо рутубатнокаш кам всмеҳӯрад ва заиф аст. Ҳамин тариқ, гармии гӯшт ва санги тафсон қавитар мебошад аз гармии ҳаво ва оби гарм. Сарди замин зиёда аз сарди об мебошад монандӣ санги хунукшуда аз об.

Мизоҷро низ ба ду қисмати аввалӣ муқаррар кардаанд. Яке аввалии аслии табиӣ, ки дар натиҷаи бо ҳамдигар омезиш ёфтани унсурҳои чоргона ҳосил гаштааст. Дигаре дуввуминдараҷаи сунъӣ, ки дар натиҷаи бо ҳам таркиб ёфтани давоҳои содда ва мураккаб, инчунин дар мураккаботи сунъӣ ҳосил мешавад. Ин таркиб кайфият ва сурат — ҳар дуро дарбар мегирад, яъне чунонки кайфияти аввалии аслӣ мебошад. Ҳамчунин аз рӯи сурат (намуд) низ ба ду навъ ҷудо мегардад: яке аслӣ ва дуввум сунъӣ.

Мизоҷи таркибӣ низ ду навъ аст: том-ут-таркиб (таркибаш комилан сахт) ва ғайри том-ут-таркиб, ки нокиси заифи ғайри мустаҳкам. Том-ут-таркиб он аст, ки омезиши қисмҳои соддаи унсурӣ бисёр осонак ва софе буда, бо ҳам таъсир намуда, кайфият ва сурати ваҳдонӣ пайдо мекунанд ба дараҷае, ки ҳангоми ворид шудани онҳо ҳарорати табиии бадан ва ҳатто ҳарорати берунии оташӣ низ қисмҳои нозуки онро аз ҷузъҳои сохти ягнааш ҷудо карда наметавонанд. Балки кайфият ва хосияти танҳои он, сарфи назар аз он ки мӯътадил аст ё ғайримӯътадил, аз он ба амал меояд, масалан: тиллоро ба қисмҳо ҷудо кардан имкон надорад ва ё хеле ба душворӣ ба қисмҳо ҷудо мешавад, монандӣ дигар фулуззоти маълум. Аммо ҷисмҳои ғайри том-ут-таркиб бонуқсони заиф, ковок ва ғайримустаҳкам ҳам мартабаҳои худро соҳибанд. Зеро баъзеи онро аз ҳам ба қисмҳо ҷудо кардан хеле осон мебошад, масалан: гӯгирд, намак, вале баъзе чунин нестанд. Ба ибораи дигар баён кунем он, ки нокис-ут-таркиб бисёр заиф аст ва ба ғусл додан ва шустан тоб намеоварад, монандӣ коснӣ ва аксари гиёҳҳо ё ин ки дар вақти ҷӯш додан хислати давогияш барҳам мехӯрад, масалан: зарпечак, наск ва ҳамчунинҳо. Инчунин агар ҳалиларо ҷӯши бисёр диҳанд, қисмҳои гарммизоҷи нозуки нофиза ва хусусияти кушояндагии гиреҳҳояш аз онҳо ҷудо шуда, нест мегарданду ҷирмҳои ғализи сардмизоҷи зиёдаи пайдокунандаи гиреҳҳою ҷузъи вазнини ғафси онҳо боқӣ мемонад. Бинобар ҳамин табибон шустани коснӣро манъ кардаанд ва феъли хоси монанди ин давоҳоро, масалан: гӯшти

пешина
аз 702
навбатӣ