Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
сурфаи кӯҳна, хусусан дӯшоб ҳамроҳ карда биёшоманд, даво мебошад.
Мағзи инро бо тухми бодиринг якҷо кӯфта бихӯранд, пешобро равон мекунад, захмҳои гурда ва хичакро сиҳат мекунад: агар бо оби чилмангӯштак (семизут) биёшоманд, дарди меъдаро таскин медиҳад, бадани нимҷонро қувват медиҳад, рутубатҳои муқдорро аз бадан дафъ мекунад. Тухми тару тозаи инро бо пӯсташ якҷо кӯфта, дар об ҷӯшонида, он обро бо шароби мусаллас даромехта, аз ин таркиб ҳар рӯз 100 грамм бинӯшанд, сурфаи кӯҳна ва захмҳои шушро дафъ менамояд.
Мағзи тухми санавбари калондарахтро бо мудонамат бихӯранд, узвҳои нотавон ва сустгаштаро ба ҳоли аслиашон меоварад, гӯшти баданро сахт мегардонад.
Тухми онро кӯфта, дар оби ангур андозанд ва худ аз худ он ба ҷӯш ояд, шароби тухми санавбар мегардад. Нӯшидани ин шароб назлаҳоро манъ мекунад, сурфаро таскин медиҳад, ҳазми таом меоварад, исҳоли обдорро банд месозад, истискоро (водянкаро) шифо мебахшад.
Тухми санавбарро бо талхшувок якҷо кӯфта, ба меъда гузошта банданд, дарди рӯдаҳоро таскин медиҳад, яъне дарди шикамро сокин мекунад.
Миқдори як бор хӯрдан аз мағзи тухми он дар як рӯз то 7 грамм аст ва аз усораи он, ки оби баргҳои онро дар офтоб ғафс гардонида бошанд, то 10,5 грамм аст. Аз обе, ки дар он баргҳои санавбар ҷӯшонида шуда бошад, меъёри нӯшиданаш 25 грамм аст.
Мағзи тухми санавбар душвор ҳазм мешавад, ба одамони гарммизоҷ зарар дорад, дарди сар мекунад, дилро беҷо (беҳузур) мегардонад. Дар ин ҳолат сиканҷабин ва меваҳои турш бояд бихӯранд, ки зиёнаш ислоҳ ёбад. Вале ба одамони сардмизоҷ мувофиқ аст.
Агар барои афзудани қуввати боҳ истеъмол кардани бошанд, бо кунҷид ва асал бихӯранд, зеро ин чизҳо зиёдкунандаи қуввати онанд. Бояд зиёда аз 12,5 грамм, ки як-як шикаста бихӯранд, тановул нанамоянд. Агар аз ҳад зиёд бихӯранд, рӯдаҳоро ба дард меоварад, печиши рӯдаҳоро содир мекунад.
Шилми санавбар се навъ мешавад: 1. Рақиқтар аст ва шах намешавад, онро зифти тар меноманд; 2. Он ки табиатан шах аст, яъне ҳангоми аз дарахташ да-
285

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо