Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
кӯтур ва хориши сафровиро шифо мебахшад. Инро дар шароб хуб ҷӯшонида, ба варам бимоланд, онро таҳлил медиҳад.
Шароби ин бандкунандаи дарун аст. Агар инро биёшоманд, одати бади хок ва чизҳои ношоистаи дигар хӯрдани занони ҳомила ва дигаронро дафъ мекунад.
Рубби анори турш назар ба шароби он қавитар аст.
Чун даруни анори туршро холии карда, баъд дар сирко муҳарро бипазанд, то он ки ғафс гардад ва онро ба миқдори донаҳои мурч хабҳо банданд ва 15 адад ё зиёда аз он бихӯранд, исҳоли кӯҳнаро дафъ мекунад ва харошида шудани сатҳи даруни рӯдаҳоро, ки хатарнок бошад, инчунин захми рӯдаҳову макъадро шифо мебахшад.
Мизоҷи рубби анори майхуш дар дараҷаи дуввум сард ва дар аввал хушк аст. Ин барои дафъ кардани тафси меъда ва иллати обхӯра дору мебошад, табҳои тезро таскин медиҳад, хуморро мешиканад, хоҳишҳои бади занони ҳомиларо нест мекунад, ранги зардро ислоҳ месозад, ғамро дур мегардонад.
Оби анори майхушро дар даҳон гардонанд, милки дандонро мустаҳкам мекунад. Агар пӯсти онро бихӯранд, беихтиёр равон шудани пешобро ислоҳ мекунад. Хушкии онро соида, ба қадри 3,5 грамм бо оби гарм бихӯранд, кирмҳои меъда ва рӯдаҳоро, ҳатто кирми кадудонаро дафъ мекунад. Низ решаи ҳамон анорҳоро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, ҳамин гуна асар дорад; ин обро дар даҳон гардонанд, милки дандонро мустаҳкам мегардонад ва дарди дандонро таскин медиҳад.
Анордона барои давогӣ қавитар аст назар ба қисмҳои дигари онҳо. Агар тухми анор ва баробари он мавизи ангурро гирифта, панҷяки он зираи сиёҳ — ҳамаро кӯфта бихӯранд, иллати қай карданро манъ месозад ва меъдаро қувват мебахшад. Вале хӯрдани ин ба одамоне, ки сатҳи даруни рӯдаҳояшон харошида шуда бошад ва сурфа доштагон зарар дорад. Дар ин мавриди мавизи ангур бояд бихӯранд, ислоҳи зарари он намояд.
Тухми ҳамаи навъҳои анорро дар об ҷӯшонида, то ноф дар он даромада нишинанд, беҷо ва бемаврид омадани ҳайзро ислоҳ мекунад, мақъади (кӯгани) баромадан

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо