Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

бо 50 грамм орди арзан даромезанд, то атола барин гардад ва дар он равғани зайтун ё равғани гулисурҳ рехта бихӯранд, исҳоли бадтарини илочнопазирро манъ мекунад.

Бемори табгирифта андак хӯрок хӯрда, баъд оби ансори ширин ё туршро бимакад, фоида мебахшад ва агар пеш аз ғизо бимакад, беҳтар аст.

Чун аҷорро дар шароб то пухтанаш биҷӯшонанд, баъд онро соида, бар гӯш гузошта банданд, дарди онро дафъ мекунад.

  1. Зарингиёҳ

Ин растании кӯҳистонист, решааш аз рӯ тира ва дарунаш зард аст. Бинобар зард будани решааш ҳамин тавр номида шудааст. Дар кӯҳсорҳои Осиёи Миёна бисёр мерӯяд. Ба русӣ золотой корень меноманд. Гулаш зард аст. Қадди гиёҳаш то як ваҷаб мехезад, баргҳояш сербар ва дурушт мебошанд.

Мизоҷаш гарм ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: усораи решаи тари онро, яъне оби решаи онро дар офтоб ғафс гардонида, донаи гандум барин аз он бо майи пухтагӣ бихӯранд, иркуннасоро шифо мебахшад, хуни дар ҳичак шахшударо гудохта хориҷ мекунад, пешоби бандшударо мекушояд ва душвор шошиданро осон мекунад, инчунин ҳайзи бандшударо равон мегардонад.

Вале агар инро бисёр бихӯранд, ба ҳичак зарар дорад. Дар ин ҳолат самари балутро, яъне ҷуфти балутро тановул намоянд, ислоҳи зарар менамояд.

  1. Дӯлона

Ин ду навъ аст: дӯлонаи ҳасак, ки самараш сурҳ, ки инро дӯлонаи сурҳак низ меноманд; қисми дуввумро самараш калон-калон ва дар вақти пухтан зард мегардад. Беҳтараш калон-калони шодоб ва лазизи он аст.

Мизоҷи дӯлонаи калон дар дараҷаи дуввум сард ва дар якум хушк аст, вале ба қавли баъзеҳо тар аст.

Хислатҳои шифобахши он: самари пухтагии онро бихӯранд, ғизо мешавад; қабзият дар узвҳои бадан пайдо мекунад, яъне моддаҳои зарарноки ба узвҳо рехташавандаро манъ месозад; баданро фарбеҳ мекунад,

пешина
аз 702
навбатӣ