Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
фармоянд, фараҳи бисёр месоварад, ҳамаи даҳ ҳисси одамро қавӣ мегардонад: ҳислати часпандагӣ дорад; моддаҳои зарарнок ва нодаркорро пазонида, барои хориҷ шудан муҳайё месозад; ҳилти балғамро аз бадбӯ гаштан манъ мекунад ва инчунин онро аз вайрон шудан нигоҳ медорад; пешобро меронад, қабзкунанда аст, яъне моддаҳои зарарнок ва нодаркори ба узвҳо рехташавандаро манъ мекунад; боҳро ба ҳаракат меоварад; ҷавҳари рӯҳи ҳайвониро, ки манбааш дил аст, қавӣ мегардонад; қувватбахши ҷигар, узвҳои даруни шикам ва узвҳои нафас мебошад, дар инсон ҳисси нишот меоварад, ханда пайдо мекунад, мижак ва гурдаро пок менамояд, башараро соф мекунад; қуввати даворо ба дил ва узвҳои дигар бурда мерасонад; тиреҳхони майна, ҷигар ва сипурзро мекушояд.
4,5 граммашро занҳо бо чой фурӯ баранд, душвории зоиданро осон мекунад. Агар ҳар рӯз аз он 0,2 грамм бихӯранд, сипурзро ба дараҷае пок мекунад, ки ёфтани он амри муҳол мегардад; ин миқдорро бо майи пухтагӣ бихӯранд, хуморро дафъ менамояд; агар инро бо асал бихӯранд, санги гурда ва мижакро майда карда мерезонад, бо кокутӣ бихӯранд, дарди бачадон ва мақъадро дафъ мекунад.
Заъфаронро бибӯянд, варами пардаҳои даруни синаро нафъ дорад, хоб меоварад.
Агар заъфаронро ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, чашмро равшан мекунад ва пардаи ба он афтодаро, ки чашмро торик мегардонад, дафъ менамояд, инчунин дар натиҷаи беморӣ кабуд гаштани чашмро ба ислоҳ месоварад; шилпукӣ, кӯтур ва реши чашмро шифо мебахшад.
Заъфаронро дар об ҷӯшонида, он обро кам-кам ва бардавом ба сар бирезанд, дарди шадиди сар ва беҳобиро ба ибро меоварад.
Агар инро гузошта банданд, обравии чашмро ислоҳ ва ба чашм фуромадани рутубатҳоро манъ мекунад; реши ҷамра, ки мӯҳлик мебошад ва варами гарми гӯшро мегардонад; дарди сари аз сардии баамаломадаро таскин медиҳад, беҳобиро дафъ мекунад.
Инро бо фарфюн (молочай) даромехта бимоланд, барои иллати никрис (подагра) ва бемориҳои бугумҳо дору мешавад. Ва агар кӯфта бипошанд, хуни рафтаистодаро манъ мекунад.
Заъфаронро занҳо аз таг бардоранд, дарди бачадонро

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо