Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Агар сагпистонро дар об ҷӯшонда, бо он оби нимгарм ҳуқна кунанд, сатҳи даруни рӯдаҳоро мешӯяд.
Сагпистонро дар дӯшоб пухта гузошта банданд, пучакҳоро меқафонад.
Миқдори як бор хӯрдан аз сагпистон дар як рӯз аз 30 дона то 45 грамм аст.
Вале истеъмоли сагпистон ба дарун меъдаро заиф мегардонад ва ба ҷигар ҳам зарар дорад. Агар ба одамони сардмизоҷ зиён кунад, барги гулисурх ва ба одамони дорои мизоҷи дигар зарар кунад, челон бихӯранд, ислоҳи зарар менамояд.
Ба ҷои сагпистон растании гулихайриро истифода баранд, раво мебошад.
Чун 4-5 адад барги навбаромадаи онро реза карда, шаб дар об тар намуда, субҳ молида ва он обро соф карда бинӯшанд, барои беҷо ва беихтиёр равон шудани манӣ, захми сӯрохи закар, ки сӯзок низ меноманд, даво мешавад.
Пӯсти хушки дарахти онро сӯхта бипошанд, дарди сӯхтагии оташро таскин медиҳад ва захмашро низ шифо мебахшад.
- Саломалек
Ин пиёзаки хушбӯест, ки сахт, кулӯлаи дарозак ва баъзе фақат дарозак ва ғайра. Гиёҳаш дар заминҳои қорам ва ғайриқорам мерӯяд, ки намнок бошанд. Инро мардум мешиносанд.
Дар тиб пиёзаки зеризаминии сиёҳ, пӯсти дарунаш сафед, хушбӯи сахти он ба кор меравад. Навъҳои дигараш зарарнок, ҳатто заҳрнок аст.
Мизоҷи қисми дарунаш сафеди хушбӯи он дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст. Ба қавли баъзеҳо дар аввал гарм ва дар дуввум хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: инро кӯфта гузошта банданд, заҳри каждумро бе ҳеҷ гуна дард кашида берун меоварад. Ва агар бихӯранд, пешоб ва ҳайзро равон мекунад, санги гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад, даҳони рагҳоро мекушояд, ҳамаи бадбӯиҳои аъзоро дафъ мекунад ва инчунин фаҳм ва ақлу фаросатро зиёда мегардонад; дарди сарро, ки сабабаш сардӣ бошад, шифо мебахшад; бадбӯии бинӣ, бавосири даруни бинӣ, агар кӯфта онро бо воситаи

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо