Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
биҷӯшонанд, ин бисьёр поккунандаи доғҳо ва бидуни дард хушккунанда мебошад, ба ҷароҳати атрофи мушакҳо гузошта банданд, шифо мебахшад.
Равғани савсани бунафшро ба қадри 25 грамм биёшоманд ва аз рӯ низ бимоланд, барои иловаи сафровӣ, ки варами дарди рӯдаҳои борик аз зиёд гаштани сафро мебошад, бемориҳои бачадон, афтодани бача аз шиками занони ҳомила, дарди рӯдаҳо ва дардҳои дигари асабонӣ дармон мешавад.
Агар 50 грамм решаи савсанро дар 3 литр об 20 дақиқа ҷӯшонида, ҳар рӯз аз он об 100 грамм бинӯшанд, низ бемориҳои номбурдаро даво мешавад.
Ин равғанро бардавом бимоланд ва 38 грамм аз он биёшоманд, моддаҳои нодаркор ва зарарнокро бо воситаи исҳол аз бадан дафъ мекунад, бар зидди захрҳои банги сиёҳ ва кашнизи кӯҳин девонакунанда, инчунин занбӯруғи захрнок тарьёк мебошад. Ин равганро бимоланд, асабҳо ва сахтиҳоро мулоим мекунад ва бачадсни берун баромадаро ба ҷояш мебарад.
Тарзи тайёр кардани равғани савсан чунин аст.
Решаи хушки савсани бунафшро як миқдор гирифта (аз тараш ду баробар), дар ҳован мекубанд. Баъд дар ҳашт баробар вазни он оби борон ё оби мукаттар як шабонарӯз тар карда, соний хуб мемоланду дар зарфи сирандуд (эмалированный) то чорьяки об мондан меҷӯшонанд ва аз матоъи бофташ зич мегузаронандУ обашро мегиранд. Ин обӣ софро дар зарфи покиза рехта, аз болояш ду баробари он равғани зайтун андохта, бо оташи мулоим то тамоман бухор шуда рафтани об меҷӯшонанд. Эҳтиёт кунанд, ки равған доғ нагардад. Аломати батамом бухор гаштани об аз ҷӯшиш мондани равған аст. Ҳамин равған равғани савсан ҳисоб меёбад.
Агар тухми савсанро бихӯранд, зарари газидани ҷонварони захрнокро дафъ мекунад.
Решаашро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гардонанд, дарди данданро таскин медиҳад, инчунин ин обро дар гӯш чаконанд, дарди онро сокин мегардонад. Латтаеро дар ин об тар карда ба ҷоҳои дигари аъзо, ки дард мекарда бошад, гузошта банданд, низ шифо мебахшад.
Он обро, ки дар он решаи савсан ҷӯшонида шуда бошад, бинӯшанд, зеҳнро тез мекунад; зиқ-ун-нафас ва нафаси ростаро, ки бемораш хобида ё дароз кашила

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо