Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Оберо, ки решаи ин гиёҳ ҷӯшонида шуда бошад, бо каме сирко даромехта, нимгарм дар гӯш чаконанд, ҷаранги даруни онро дур мекунад ва назлаҳои кӯҳнаи дар гӯш фурояндаро манъ менамояд. Агар ин обро батанҳоӣ дар бинӣ чаконанд, бадбӯии даруни биниро дафъ месозад.

Решаҳои тари ин растаниро дар равғани зайтун биҷӯшонанд, то он ки он решаҳо бипазанд, баъд ин равғанро нимгарм дар гӯш чаконанд, карии кӯҳнаро барҳам медиҳад. Агар бо ин равған ҳуқна кунанд, ирқиннасо ва иллатҳои бачадонро шифо мебахшад.

Тухми ин гиёҳро бихӯранд, хоб меоварад.

Камтареро аз решаи он ба сӯрохи дандоне, ки кирмхӯрда бошаду дард кунад, бигузоранд, он дандонро бе ҳеҷ гуна дард майда карда мерезонад, аммо бояд ба дандони дигар нарасад, ки онро мепӯсонад ва ҳамон тавр мерезонад.

Миқдори як бор хӯрдан аз решаи ин гиёҳ дар як рӯз то 9 грамм аст. Аммо решаашро бояд бо асал бихӯранд, вале агар танҳо мехӯрда бошанд, зӯрӣ мекунад, ҳатто аз ҳуш меравонад ва ё ваҳшатнок мегардонад. Инчунин ошомидани ин гиёҳ мумкин аст ба шуш зарар расонад. Дар ин ҳолат асал бихӯранд, зиёнаш дафъ мегардад ё бо асал ҳамроҳ карда бихӯранд.

Аз ин равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. Дар таносуби 100 грамм решаашро нимкӯфта, дар ҳашт баробари вазни он оби борон ё оби муқаттар як шабонарӯз тар карда, баъд дар зарфе то чорьяки обаш мондан меҷӯшонанд, пас хуб молида, аз матои бофташ зич гузаронида, соф мегардонанд. Ва аз болои он об дар зарфе равғани зайтун дохил намуда, бо оташи мулоим меҷӯшонанд, то он ки об бухор шуда раваду равған бимонад. Агар аз ҷӯш бимонад — ин аломати тамоми бухор шудани об аст.

Молидан ва хӯрдани ин равған барои ханозер, ҷароҳатҳо, ирқуннисо, никрис (дард ва варами ангуштони дасту похо) ва дардҳои буғумҳо даво мешавад, варам ва бодҳоро таҳлил медиҳад; барои душвории шошидан, ки аз ҷамъ шудани балғам бошад, бодҳои гурда ва ҳичакро дафъ мекунад, иштиҳоро бармеангезонад, узвҳои ҳозимаро, ки меъда, рӯдаҳо, ҷигар ва сипурз мебошанд, қувват мебахшад, гиреҳи сипурз ва ғайраро мекушояд.

пешина
аз 702
навбатӣ