Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
биҷӯшонанду он обро соф карда биёшоманд, хуни ғафсгаштаро соф ва рақиқ мегардонад.
Гули кокутиро биёшоманд, моддаи савдо ва балғамро бо исҳол дафъ менамояд, вале дар ин бобат заифтар аз талхшувок аст. Чун 9 грамми онро бо сирко ва намак биёшоманд, савдо ва балғамро бо исҳол дафъ мекунад, инчунин пешоб ва ҳайзро равон месозад.
Оби гули тару тозаашро дар офтоб қивом карда бихӯранд, варами мушаҳҳои ду тарафи забон, забончаи ҳалқ, инчунин ҷӯшиши (пухтани) даҳанро сиҳат мекунад.
Аз гули кокутӣ бо шакар ё бо асал мураббо тайёр карда, 9 грамм аз он ё аз гулкандаш ҳамин миқдор биёшоманд, заҳрҳоро аз бадан дафъ мекунад ва бемориҳои хунукмизоҷро ба зудӣ шифо мебахшад. Чун шаб вақти хоб аз ин мураббо 4,5 грамм бихӯранд, ба ин мудовамат намоянд, ба майна баромадани бухорҳои зарарнок ва рехта шудани зардобро ба даруни гавҳаракӣ чашм манъ мекунад, зеҳнро қувват мебахшал ва ранги рӯйро сара мегардонад.
Аз гул ва баргҳои кокутӣ равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ.
Гул ва барги онро дар соя хушк карда, аз он як миқдорро дар шаш баробари он оби ширин як шабонарӯз тар карда, баъд онро то чоряки об мондан бо оташи мулоим меҷӯшонанд. Сонӣ хуб молида, аз матоъи бофташ зич гузаронида соф менамоянду дар зарфе аз болон он об ду баробараш равғани зайтун андохта, дар оташи паст то тамом бухор шуда рафтани об меҷӯшонанд. Агар равған аз ҷӯш монад, ин аломати тамом шудани об аст. Ҳамин равғани кокутӣ ҳисоб меёбад. Вале эҳтиёт кунанд, ки равған доғ нагардад, барои ин ҳангоми аз ҷӯш мондани он зуд аз оташ фуруд оваранд.
Аз ин равған ҳар рӯз як бор як қошуқи ошхӯрӣ биёшоманд, иллатҳои сардмизоҷӣ монанди: фолиҷ, қач шудани рӯй, ларзак, суст ва нотавон гаштани аъзо, дардҳои пушт ва буғумҳо, хусусан қулинҷ, ки варам ва дарди рӯдаҳои ғафс аст, бемориҳои ноҳияи меъда ва рӯдаҳоро шифо мебахшад — дар ин бобат беҳтар аз дигар равғанҳост.
Хислатҳои давогӣ дар тухмаш қавитар аз барги он аст: агар инро бихӯранд, гиреҳҳоро мекушояд, зардпарвинро

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо