Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Ирқиуннасо (радикулит), истиско (водянка) даво мешавад, боҳи одамони хунукмизоҷро қувват мебахшад, балғамро бо исҳол дафъ мекунад; пешоб, ҳайз, шир ва арақро равон месозад, табҳоро шифо мебахшад ва ғайра.

Агар сондаи онро бо равғани зайтун сиришта бимоланд, гузоз, карактӣ, нотавон ва суст гаштани узвҳо ва беҳиссии аъзоро дафъ мекунад. Агар инро дар об ҷӯшонида, дар он об даромада нишинанд, низ, аз иллатҳои номбаршуда наҷот меёбанд.

Кӯфтаи хушки онро ба торақи сар бипошанд ё бимоланд, майнаро гарм мекунад, назларо аз пайдо шудан манъ месозад ва барои иллати сарӣ, ки аз ҷамъ шудани моддаи ғализ дар майна бошад, даво мешавад. Агар инро бо мустако пай дар пай бихоянд, низ ҳамин таъсирро дорад.

Хушки онро кӯфта, бо воситаи найча дар бинӣ пуф кунанд, бастагиҳои сари бинӣ ва сӯрохи биниро мекушояд. Кӯфтаи инро бо равғани гулисурх даромехта дар бинӣ бирезанд, дарди нимсар, дарди сари балғамии шадидро дафъ мекунад.

Чун решаи оқиркирҳоро як шабонарӯз дар сирко тар карда, ба зери дандони дарднок гузоранд, дарди онро таскин медиҳад. Чун онро бихоянд ё хушкаяро кӯфта, ба таги забон бипошанд, рутубатҳоро аз он ҷо мекашад ва лақнати забонро дафъ мекунад.

Чун пухтаи онро дар даҳан нигоҳ доранд, дандони ҷунбонакро мустаҳкам мегардонад. Агар инро дар об ҷӯшонида, он обро бо сирко даромехта, дар даҳан бигардонанд ё бо он об ғарғара кунанд, дарди гулӯ, афтодани забонҷаи ҳалқ ва сустию нотавонии забонро, ки сабабаш ҷамъ шудани балғам дар ин мавзеъ бошад, шифо мебахшад.

Сондаи хушки онро бар бадан бимоланд, арақ меоварад.

Решаи оқиркирҳоро ба гардан овезанд, саръи (припадкаи) тифлонро шифо мебахшад.

Решан хушки онро маҳин ос карда, бо асал хамир
сохта, лесида бихӯранд, узвҳои даруни синаро аз олоишҳо пок мегардонад, дарди узвҳои даруни сина, сурфаи сарди кӯҳнаи балғамӣ ва сардии меъдаро ба ибро меоварад, инчунин балғамро аз меъда хориҷ месозад;

пешина
аз 702
навбатӣ