Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

Ҳарорат ва сардӣ, ки феълҳо, яъне таъсиркунанда мебошанд, дар натиҷаи дигаргун ва фарқият пайдо кардани таъсир асари онҳо ҳам гуногун мегардад.

Бояд донист, ки баъзе таъмҳо ба ҳам наздиканд, лекин дар шиддат, заифӣ ва номувофиқии модда таъсирашон гуногун мегарданд, чунончӣ, таъми тез ба талх наздик мебошад. Вале он, ки дар чизҳои тезтаъм бинобар нозук будани моддааш таъсири он зиёда зоҳир мегардад, вале дар моддаи таъми талхдошта таъсир аз он камтар мебошад. Низ таъмҳои талх ва шӯр ба ҳам наздик мебошанд, фақат он, ки таъсирноқӣ дар таъми талх назар ба таъми ширин зиёда аст. Ҳамин тариқ чун ҳарорат дар намак аз ҳадди лоиқ зиёда таъсир кунаду нозукӣ ва рутубати онро барҳам диҳад ва моддаи онро сахт созад, онро талх ҳам мегардонад, монандӣ: намаки талх ба хилофи намаки таом. Ҳамчунинад таъмҳои қобиз, тунч ва тунд (тез) бо турш ва турш бо бетаъм дар хислат наздики якдигаранд. Ва зуҳури таъсир ва амали ҳар яки онҳо низ ба ҳамон мартабаҳои худ вобаста мебошанд.

Акнун гуфтаҳои болоро равшантар ва муфассалтар баён менамоем. Чизи тезтаъм он аст, ки ҳангоми чашидан забонро мегазад ва қисмҳои вай дар забон нуфуз мекунад. Агар он истеъмол карда шавад, аз як қатор моддаҳои нодаркор баданро пок месозад, гиреҳҳои дохили узвҳои баданро мекушояд, моддаҳои ғафсро рақиқ ва нарм мегардонад, инчунин онҳоро таҳлил медиҳад ва намегузорад, ки он моддаҳо бӯи бад пайдо намоянд, баданро гарм мекунад, ҳатто баъзе моддаҳоро дар бадан месӯзад, ҳам бинобар шиддати гармии мизоҷи худ ва нозукие, ки дар ҷавҳари он мавҷуд аст, монандӣ: мурҷ, ҳардал (горчица) ва ҳар он чӣ тезтаъм ва тезӣ дар он мавҷуд бошад, бо мартабаҳои худ таъсир мерасонад.

Ё ки талх он аст, ки ба сатҳи беруни забон нуфуз мекунад, дар он фурӯ меравад ва сатҳи онро дурушт месозад, табиати бадан ба ин таъм нафрат меоварад. Феълҳои ин гуна таъмдошта: пок гардонидани бадан аз моддаҳои нодаркор, нарм сохтан, рақиқ гардонидан, аз ҷон худ кандани моддаҳои бегона, шахшӯл гардонидани аъзо, хушк кардани рутубатҳо, гарм сохтани узвҳои бадан ва манъ кардан аз бадбӯй мебошад, аммо дар ин қабил хислатҳо нисбат ба чизҳои тезтаъм камтар мебошад, бинобар мавҷуд будани гармӣ ва арзянте

пешина
аз 702
навбатӣ