Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

адад қаламфурро ду-ду даронида, дар як коса ҷуғрот як шаб тар карда, он ҷуғротро хӯрдам — бағоят тез гашта буд. Бо як косаи дигар ҷуғрот ҳамон қаламфурро дубора тар кардаму ҷуғротро ошомидам — аз азнияти шадид наҷот ёфтам.

  1. Биринҷ

Ин растании зироатӣ ба мо маълум аст, ки дар заминҳои обдор кишта мешавад, аксар дар даруни об мерӯяд ва дар об месабзаду мерасад. Аз як шолӣ дар Ҳиндустон ду карат ҳосил мегиранд: дар вақти баҳорон ва дар тирамоҳ. Аз шолие, ки дар лаб ва наздики баҳрҳо ва уқёнусҳо мерӯяд, биринҷи хуб ҳосил намешавад. Навъҳои биринҷ хеле бисёр аст.
Беҳтарини биринҷҳо латиф, яъне осонпаз ва сафеди он аст.
Доир ба мизоҷи ин қавлҳои гуногун мавҷуданд.
Баъзеҳо гарм дар дараҷаи якум ва баъзеи дигар сард ва баъзеи дигар мизоҷи онро мӯътадил донистаанд.
Хушкии мизоҷи он дар дараҷаи дуввум мебошад — оид ба ин қавли ҳамаи ҳакимон як хел аст. Вале баъзеҳо биринҷро мураккаб-ул-қувват донистаанд. Ин фикр ба ҳақиқати он наздик аст. Инчунин қавлҳои аввала ҳам дуруст мебошанд. Зеро ки чун онро дар об биҷӯшонанду оби онро дур намоянд ва он биринҷро дам диҳанд — инро ба забони деринаи тоҷикӣ-форсӣ чуловкаш мемонанд — мизоҷи ҷирми ин биринҷ дар дараҷаи якум сард мебошад, вале мизоҷи он обе, ки дар он биринҷ ҷӯшонида шудааст, дар дараҷаи якум гарм аст, аммо он обро ҷудо бигиранду биринҷро дар он об дам диҳанд ва паловро ба ҳамин тариқ бипазанд, мизоҷаш ба гармӣ моил мегардад. Лекин ба шарте, ки пеш аз пухтан биринҷро дар об тар намуда ва хуб молида, чанд карат бо об шуста баъд бипазанд.
Ва илло биринҷҳои часпакро чанд мартаба ба ҷӯш бояд бидиҳанд, оби шилмаки ғафси онро рехта дур намуда бошанд, зеро ки истеъмоли он раво нест — ин гуна палов дар одамони гарммизоҷ гармӣ ва дар одамони сардмизоҷ сардиро пайдо мекунад. Аз ин ҷиҳат шояд табибон ва одамони дигари корозмои қадим, инчунин аксари мардуми баъдина барои хӯроки сабуки

пешина
аз 702
навбатӣ