Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

мани мадад мебахшад ва қабзият оварда, дер нигоҳ дошта шудани онро таъмин менамояд. Инчунин дар ин бобат, биринчи ношустаро истеъмол фармоянд, ҳамин гуна ҳислат дорад.

Ширбиринчро бо шакар ширин карда бихӯранд, маъниро зиёд мегардонад, баданро фарбеҳ мекунад, ранги рӯйро пок месозад.

Вале хӯрдани биринҷ ба касоне, ки иллати кулинҷ доранд, бад аст; инчунин ба одамоне, ки рагҳои баданашон гиреҳ пайдо мекарда бошанд, зарарнок мебошад. Вале биринҷ барои харошида шудани сатҳи даруни рӯдаҳо аз бисёрӣи сафро ва захми ин узвҳо мувофиктар аст. Дар ин ҷиҳат биринчро аввал бирьён карда, баъд муҳарро пухта ва монанди кашки ҷав гардонида бихӯранд, айни муддао мегардад.

Биринчро бихӯранд, захмро пок месозад ва дар он гӯшти солим мерӯёнад. Бинобар чунин хислатҳояш барои ҳамаи намудҳои иллати сил фоида дорад, хусусан аз он ширбиринчро бо шири хар бипазанд, нафъаш бештар мегардад.

Биринчро то бӯяш баромадан тафсонида, баъд бо почаи буз ё гӯсфанд пухта бихӯранд, барои харошида шудани сатҳи даруни рӯдаҳо ва омадани хун дар пешоб, нафъи бисёр дорад.

Оберо, ки аз биринҷ шира кашида гирифта бошанд, бо шакари янтоқ ширин карда биёшоманд, душвор зоидани занонро осон мекунад. Бо обе, ки дар он биринҷ шуста бошанд, хуқна (клизма) кунанд, харошида шудани сатҳи даруни рӯда ва захми онро ба ибро меоварад.

Орди биринҷро бо оби харбуза даромехта бимоланд, доғи кунҷидак ва дигар доғҳоро аз пӯст дафъ мекунад. Ин ордро бо чарбиҳо сиришта гузошта банданд, пучакро мекафонад. Агар инро бипошанд, хуни чароҳати навро мебандад ва онро сиҳат мегардонад.

Орди биринҷро бо равғани гурдаи буз дуру дароз пухта бихӯранд, аз ҳад зиёд рафтани даруни беморонро ба ислоҳ меоварад, инчунин барои исҳоли аз хӯрдани даво ҳодис шуда ва харошида шудани сатҳи даруни рӯдаҳо давои хеле хуб мебошад.

Як силсила корпомоҳо шаҳодат додаанд, ки чун биринҷро то сурх гаштанаш бирё карда миқдори 68 грамми онро дар 180 грамм об як шаб гар карда ва

пешина
аз 702
навбатӣ