Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

гамгиниро барҳам медиҳад, пешоб ва ҳайзро башид-дат равон мекунад; бачаро дар шиками занони ҳоми-ла мекушод ва онро аз шикам меафтонад, сангӣ гур-да ва ҳичакро майда карда мерезонад.

Агар касе аз шаҳвати худ маҳрум гашта бошад, чун дар ҳар се рӯз як мартаба 1,75 грамм хушки онро соида, бо 10,5 грамм тухми харбуза, 35 грамм маскаи гӯсфанд ва 70 грамм асал бихӯранд, шаҳваташ на тэн-хо барқарор мегардад, балки зиёд мешавад.

Шароби онро бинӯшанд, хузн ва иллати беҳушша-виро дафъ мекунад, ҳайзи занҳоро равон менамояд.

Ин гиёҳро сӯхта, дудашро занҳои ҳомила ба миёни поҳои худ бигиранд, бачаро аз шиками онҳо меафто-над.

Ним грамми инро бо равғани баласон даромехта, занҳо аз таг бардоранд, дарди бачадонро таскин ме-диҳад.

Хӯрдани пудинаи кӯҳӣ ба мақъад зарар дорад. Зиё-ни ин бо сирко хӯрдан ислоҳ меёбад.

III. Пудинаи наҳрӣ, ки пудинаи обӣ низ меноманд. Ин ба ҳама шинос мебошад.

Мизоҷаш дар охири дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани ин бар зидди заҳрҳо тарьёк мешавад.

Оби пудинаи тару тозаи онро нимгарм дар гӯш чаконанд, кариро, ки сабабаш дар даруни гӯш бо-шад, сиҳат мекунад.

Агар инро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, ил-лати ростнафасро, ки гирифтораш хобида ва дароз ка-шида, нафас гирифта наметавонад, балки рост истода ё нишаста сар боло дошта, нафас гирифта метавонад, шифо мебахшад, инчунин бемории филпо, табҳои бал-ғамӣ ва савдовиро дафъ мекунад. Ори иллати махав дору мешавад.

Ё оби пудинаи тару тозаро ё худи пудинаро бо асал бихӯранд, арак меоварад, пешобро меронад; агар ин-ро бо шароб биёшоманд, даридани мушакҳо ва рафта-ни дарунро, яъне исҳолро ба ибро меоварад; агар бо сиканҷабин ё бо шарбати анор биёшоманд, беҷо (бе-ҳузур) шудани дил, кайӣ сафровӣ ва оруғро дафъ ме-кунад; агар онро бо асал ва намак бихӯранд, кирми

пешина
аз 702
навбатӣ