Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Ё ки таъми чарб он аст, ки сатҳи забонро мулоим ва ҳамвор мегардонад. Аз феълҳои он: тарӣ бахшидан, мулоим сохтан, сустӣ овардан, лағзонидани моддаҳо, пазонидан ва табдил ёфтан аст ба хилти (моддаи) бисёри дар бадан мавҷудбуда, инчунин каме гарм ҳам мегардонад бинобар сабукӣ, ҳавоият ва облории ҷавҳараш бо мартабаҳои худ таъсир мебахшад.

Ё ки таъми ширин он аст, ки сатҳи забонро нарм, суфта ва ҳамвор месозад, табиати парваришидиҳандаи бадан онро дӯст медорад ва ҷигар бо воситаи қуввати ҷозибаи ҳул онро зуд ба ҳул мекашад, инчунин ҳамса ба он муштоқ мебошад. Аз феълҳои он: ҷило до-дан (пок кардан), суст гардонидани моддаҳои нодаркор, пазонидан, мулоим кардан, рақиқ сохтан, гудох-тан, ба хилти ғолиби бадан табдил ёфтан ва хун шу-дан аст, инчунин баданро каме гарм ҳам мекунад би-нобар мӯътадил будани мизоҷи гармӣ дар ҷавҳари худ ва бо мартабаҳои хосаш таъсир мебахшад. Мо-нанди: шакар, асал, оби ангур ва тут, шарбати хурмо ва анҷир, ҳуллас, ҳар он чӣ дар он ширинӣ мавҷуд ва худаш ширин бошад. Вале ширинии бад сахттафсонаи-да буда, аз ин мустасно мебошад, ки он сатҳи забон-ро дурушт месозад ва ташнагӣ меоварад, монандӣ: шакари сурх ва баъзе намудҳои асали тунд ва кӯҳна-шуда.

Ё ки бетаъм он аст, ки сатҳи забонро бисёр муло-им, ҳамвор ва суфта месозад, вале табиати бадан он-ро дӯст намедорад. Аз феълҳои он: паст кардани гар-мии бадан, шикастани ташнагӣ, нест гардонидани да-ғалӣ ва қабзиятҳо ва монандӣ инҳо, агар чизи бетаъ-ми тар бошад.

Хуллас, шиддат ва тезии таъм ба мизоҷи гарми он даво ё ғизо далолат мекунад. Таъми мӯътадил ва мулоимати он ба мӯътадил, дуруштӣ, гирандагӣ, тунчӣ, инчунин ба хушкии он, сустӣ, нармӣ ва мулоимкунандагии худаш ба тар будани мизоҷи он далолат мекунад. Ба ҳамин хислатҳо ва нисбатҳо қиёс намуда, кайфияти давоҳои мураккабро муайян метавон кард. Гоҳо як ҷисм аз ду чиз бо ҳам таркиб меёбад: яке аз он сардмизоҷи бетаъм ва дигараш гарммизоҷи ботаъм буда, сардмизоҷ бинобар бисёр будани миқдори ҷавҳари худ ба ҷавҳари гарммизоҷ бартарӣ дорад. Пас дар ин навъ чизҳо таъми ашёи мураккаб ғолиб аст бинобар кам иштирок доштани ҷавҳари моддаи гарммизоҷ,

пешина
аз 702
навбатӣ