Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
баъзеи дигар гуфтаанд, ки бӯи чизҳо бухори сабуки аз онҳо ҷудогашта мебошад, ки ба ҳаво омехта шуда, ба машоми мо мерасад. Дар ҳақиқат шояд бӯи баъзе ашё чунон мебошад ва баъзе чунин аст. Баъзе ашёро ҷавҳарашон сабук ва ҷирми онҳо сусти ковокдор бошад, ду намуд доранд, ки ҳам заррачаҳои онҳо ва қисми сабукашон аз худ ҷудо гашта, ба ҳаво омезиш ёфта, ба машоми мо мерасад ва мо онҳоро дарк менамоем. Аз ин ҳукм чизҳои сахт мустасноанд ва бинобар зич будани зарраҳои ҷирмашон бӯй намедиҳанд, монанди: сангҳое, ки дар иморатҳо, хонаҳо ва ғайраҳо ба кор мераванд, инчунин ёқут, алмос, зумуррад ва ғайраҳо бӯй намедиҳанд. Ҳамин тариқ муайян кардани кайфият ва мизоҷи ашё бо воситаи бӯй маҳдуд мебошад.
Маълум буд, ки бӯйҳо ба се гурӯҳ тақсим мешаванд: 1. Бӯи ҳар як таом ба он нисбат карда мешавад ҳангоми дарк кардан дар машом, чунонки мегӯянд: бӯи дӯшоб, бӯи шакар, бӯи асал, бӯи сирко. Инчунин мегӯянд, ки фалон чиз ё фалон мева бӯи ширин дорад, вале сирко, ҷӯғрот ва фалон мева бӯи турш дорад ва ҳамчунин таомҳои дигар, ки аз бӯяшон шинохта мешаванд. 2. Бӯйҳо форамӣ ва манфурияти ашёро ифода мекунанд, ки он бӯйҳо ба чизҳои бӯйдиҳанда вобаста мебошанд, чунончӣ гуфта мешавад: ин бӯи форам ва мувофиқи табиат, ҳазиз ва писанд аст монанди: бӯи анбар, бӯи гулоб, бӯи гулҳои хушбӯе аз гулисурх, наргис ва монанди инҳо. Ин бӯйҳо дар аксар ҳолат ба мӯътадил будани гармӣ ва сабукин (нозукии) ҷавҳари он моддаҳо далолат мекунанд. Ё он, ки фалон бӯи манфур, номарғуб ва мухолифи табиат аст, монанди: сир, гӯшти мурдор ва монанди инҳо. Хуллас, бо воситаи ин гуна бӯйҳо ба тезии кайфияти таркиби ҷавҳари баъзе ашё далолат мекунанд. 3. Баъзе бӯиҳои чизҳоро дар машом ҳис карда, мо гуногун будани таъсири онро мефаҳмем, чунончӣ мегӯянд, ки фалон бӯй тафси майнаро таскин медиҳад ва ба он тароват мебахшад, монанди: нилуфари тару тоза, себ, бодиринги тар; инчунин мегӯянд, ки фалон бӯй мағзи сарро ба тафс меоварад ва онро хушк мекунад, монанди: мушк, ҳояи сагобӣ, мурҷ, занҷабил, сиёҳдона ва монанди инҳо. Бӯйҳои дар аввал гуфташуда ба сардӣ ва тарни мизоҷ, кайфият ва сабукии он соҳиби бӯй далолат мекунад, вале мафҳуми дуввум гармӣ ва хушкии мизоҷи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё