Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

7 грамм шакар даромехта биҳӯранд, дилтапак (дилбозӣ), дағалии узвҳои даруни сина ва сурфаро шифо мебахшад, ҳарорати табиин (модарзодии) бадан ва ҳамаи қувватҳоро барқарор мекунад, зардпарвинро шифо мебахшад; санги гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад, ранги рӯйро соф месозад.

Говзабонро сӯхта, дар даҳан бипошанд, яъне ба даруни даҳан бипошанд, пухтани (ҷӯшиши) даҳани тифлонро сиҳат мебахшад, инчунин сӯзиши даҳанро дафъ мекунад, рафтани хунро аз милки дандон манъ менамояд.

Хӯрдан ва ошомидани говзабон ба сипурз зарар дорад — давои ислоҳи зарараш сандали сафед хӯрдан аст.

Миқдори як бор хӯрдан аз гиёҳи хушки говзабон дар як рӯз аз 7 то 17,5 грамм аст. Агар дар об ҷӯшонида ё тар карда, он обро нӯшиданӣ бошанд, аз 17,5 то 35 грамми онро дар об андозанд. Аз оби фишурдаи говзабони тару тоза то 100 грамм нӯшидан равост.

Ба ҷои говзабон абрешими хоми сӯхтаро истеъмол намоянд, ҷоиз мебошад.

Чун аз оби говзабони тар, оби себ ва оби мавизи ангур шароб тартиб дода, 9 грамм аз он бинӯшанд, назар ба 300 грамм шароб қавитар фараҳ мебахшад, вале ин монандӣ шароб ақлро беҷо намекунад.

  1. Авсаҷ

Ин растаниест, ки бар деворҳо ва панҷараҳо хазида баланд мешавад. Баргаш ба барги гулисурх монанд, вале хору пашмак дорад ва васеътар аст аз он.
Мевааш монандӣ самари мармиҷон ва тутӣ сиёҳ, вале сурх аст. Инро дар диёрҳо мо бисёр парвариш менамоянд. Онро ба забони русӣ земляника мегӯянд.

Мизоҷи ҳамаи қисмҳои ин растанӣ дар дараҷаи
якум сард ва дар дуввум хушк аст.

Оби барги тару тозааш онро ҳафт рӯз пай дар ҳам дар чашм чаконанд, гули дар он афтодаро дафъ мекунад.

Чун оби самари пухтагии онро ситонида, соф карда, хушк намуда ва вақти ҳоҷат 0,5 грамми онро бо
сафедаи тухми мурғ ё бо шири занон соида, дар чашм

пешина
аз 702
навбатӣ