Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
чаконанд, ҳамаи намудҳои дарди чашм ва гули ба он афтодаро дафъ мекунад. Инро батанҳои ба пешонӣ гу-зошта банданд, фуромадани моддаҳои зарарнокро манъ менамояд.
Тӯтнӯро дар оби авсаҷ як шабонарӯз тар карда, баъд ба чашм кашанд, барои дарди чашм давои бисёр хубест.
Чум барги онро то қувваташ ба об гузаштан бичӯ-шонанд, пас, молида, аз матоъи бофташ зич гузарони-да соф кунанд ва то ғафс гаштанаш боз биҷӯшонанд, ки ин барои дафъ кардани гули чашм таъсираш бисёр хуб аст.
Баргашро бихоянд, ҷӯшиши (пухтани) даруни да-ханро сиҳат мекунад.
Барги тарашро кӯфта гузошта банданд, доначаҳои мӯрчагазак ва сурхбодро, агар ҳарорати онҳо дар ка-моли шиддат набошад, шифо мебахшад.
Усораи барги тару тозаи онро, яъне оби баргаш-ро дар офтоб ғафс гардонида, баъд биёшоманд, барои кӯтури сафровӣ даво мешавад ва тафси сафровии ба-данро таскин медиҳад.
Табиби номи Шариф шаҳодат додааст, ки табибо-ни Юнон, Форс ва Ҳинд бо авсаҷ махавро, агар иллат дар ҳолати ибтидо бошад, муолаҷа менамоянд ба ин тариқ, ки решаи онро реза карда, ҳар рӯз 25 граммаш-ро дар 300 грамм об то сеяки об мондан меҷӯшонанд ва баъд соф намуда менӯшанд — ин тавр чор — панҷ маҷлис (бегоҳ) меошоманд, бо воситаи дафъ кардани савдои сӯхта аз бадан, махав шифо меёбад ба шарте, ки ду рӯз пеш аз ошомидани он шӯрбои гӯшти гӯсфан-ди фарбеҳро бихӯранд ва дар рӯзи саввум оби ин ре-ша ҷӯшонидашударо бинӯшанд, инак, то чанд рӯз бо он мудовамат намоянд, мурод ҳосил мегардад. Бояд, ки рӯзи дуввум баъд аз нӯшидани он, ки рӯзи роҳат аст, ҳаммом кунанд.
Ҳакими машҳур Бағдодӣ ва як қатор табибони но-мӣ навиштаанд, ки решаи авсаҷро дар шароби райхо-нӣ ҷӯшонида бинӯшанд ва дар он рӯзҳо ҳар рӯз ҳам-мом кунанд, барои ҳамин беморӣ, яъне махав, давост.
Табиби номдор Антоқӣ ҳамин шароберо, ки решаи ин растанӣ ҷӯшонида шудааст, бинӯшанд, барои решҳои тар, кӯтур, хориш ва дафъ кардани доғҳои пӯст беҳтар аз чӯби чинӣ донистааст. Ҳол он, ки чӯби чинӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор