Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

медиҳад, ҷӯшиш ва дигар бемориҳои даҳанро шифо мебахшад, ҳатто доначаҳои дар он дамидаро ҳам, ки бадтарин иллати даҳан аст, дафъ мекунад, милки дандони сустгаштаро мустаҳкам менамояд ва хунравиро аз он бозмедорад. Ва ё оби навъи борикбарги онро дар даҳан гардонанд, ҷӯшиши даҳанро дафъ мекунад.

Оби баргашро хоҳ биҷоконанд ва ё бимоланд, дарди чашмро, ки аз гармӣ бошад, шифо мебахшад. Доруҳои чашм дар оби ин гиёҳ соида мешаванд ва худаш низ ба давоҳои чашм дохил карда мешавад.

Тухмашро бихӯранд, хунравиро аз дарун манъ мекунад.

Наскро бо барги он якҷо пухта бихӯранд, дамкӯтаҳиро шифо мебахшад.

Усораи онро, ки обашро дар офтоб ғафс гардонидашудаи он аст, биёшоманд, барои иллати дик (логаркунанда), сил, хун кай кардан, захми шуш, дамкӯтаҳӣ аз ғалабаи хун, яъне аз фишори баланди хун ва сард даво мешавад. Хӯрдани усораи он ҷигар, сипурз ва гурдаи гарммизоҷро қавӣ мегардонад, инчунин гиреҳи ин узвҳоро мекушояд, шиддати ташнагиро мешиканад, вайронии ҳазми таомро дафъ мекунад, хун кай карданро бозмедорад, хунравиҳоро, ки аз ҳар як узвҳои ботинӣ бошанд, манъ менамояд, сӯзиши пешобро, яъне сӯзокро шифо мебахшад, вале хуни ҳайз ва бавосирро мебандад.

Реша, барг ё тухми онро бихӯранд, гиреҳи ҷигар, гурда ва хичакро мекушояд, инчунин ин ба давоҳои кушояндаи гиреҳҳои онҳо дохил карда мешавад, илова бар ин барои захми рӯдаҳо дармон мебошад.

Наскро бо барги он якҷо пухта бихӯранд, ба ҷои барги лаблабу барои иллати истиско (водянка)-и гарм дармон мешавад.

Инро ба намаҳ, наск ва сирко пухта бихӯранд, исҳоли хунинро мебандад.

Оби баргашро бо шароби тило (мусаллас) биёшоманд, барои дарди гурда ва хичак даво мебошад. Усораашро, яъне оби баргашро дар офтоб ғафс гардонида биёшоманд ё тухми онро дар об ҷӯш дода, бо он об нимгарм ҳукна кунанд, захми рӯдаҳоро шифо мебахшад ва хуни бавосирро мебандад.

Агар кӯфтаи барги зуфро занҳо аз таг бардоранд,

пешина
аз 702
навбатӣ