Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Осрои аксари бемориҳои бедаво дармони хубтарин ҳисоб меёбад.

Чун решаи инро реза карда, бо барги мурд якҷо бисӯзонанд ва пошидани он барои реш ва бемориҳои мақъад, манъ намудани реши ҳабиса ва рӯёнидани мӯй зудтар таъсир мекунад.

Меваи ин дар хислатҳои тиббӣ монанди барги он аст, хунравиро қатъ мекунад ва исҳолро мебандад.

Миқдори як бор хӯрдан аз авсаҷ дар як рӯз то
4,5 грамм аст.

Вале хӯрдани авсаҷ ба сипурз зарар дорад, иллати кулинчро, ки дард ва варами рӯдаҳои ғафс аст, пайдо мекунад. Барои дафъи ин зарарҳояш катиро бояд хӯрд.

Барг ва усораи онро дуд кунанд, ҷонварони зарарнок аз он ҷо мегурезанд.

  1. Зуф

Ин растанӣ ду навъ мебошад. Якеро баргаш камбару дароз, аз миёни баргҳояш пояи борике мехезад, ки дар сари он поя тухм мебандад. Навъи дигареро барг васеъ ва шакли он дароз нест, назар ба барги хели якум калонтар. Агар банди барг ё баргашро аз бандаш ҷудо кунанд, чизҳои риштамонанд аз он зоҳир мегардад. Ин навъаш аз миёнаи поя то нӯгаш зич тухм мебандад. Баргашро барги зуф меноманд. Мо бо воситаи мушоҳидаҳои худ низ муайян намудем, ки ҳар ду навъаш ҳам барои давогӣ мебоянд. Тухми навъи дуввумаш сиёҳтоби кулӯла ва майдатар аз навъи якум мебошад.

Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум сард ва хушк аст, вале дар тухм ва решааш хушкӣ зиёдтар мебошад.

Хислатҳои шифобахши он: ҳар як қисми зуфро бихӯранд, хун қай карданро манъ мекунад ва тамоми хунравиҳоро аз ҳамаи узвҳои ботинӣ банд менамояд (аз ҷумла хуни биниро ҳам) ва барои иллати саръ даво мешавад. Агар инро дар бинӣ бирезанд ё дар пеши сар ва сина гузошта банданд, ҳамин таъсирро дорад.

Обашро нимгарм батакрор дар гӯш чаконанд, дарди гӯшро, ки аз гармӣ бошад, таскин медиҳад.

Решаашро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гардонанд ё баргашро бихоянд, дарди дандонро таскин

пешина
аз 702
навбатӣ