Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

як соат пеш аз ношто ва бегоҳи рӯз низ аз 150 то 180 грамм то як моҳ бинӯшанд, саратони меъдаро шифо мебахшад.

  1. Лӯбиё

Ин зироати маърум ва машҳур аст, дар шароити Осиёи Миёна хуб ҳосил медиҳад. Тухми он ҳамчун масолеҳи ош ва инчунин дар тиб низ истифода мешавад.
Навъҳои сурх ва сафед дорад.

Мизоҷи навъи сурҳаш дар дараҷаи якум гарм ва дар дуввум тар аст, вале мизоҷи сафеди он дар гармӣ ва сардӣ мӯътадил мебошад.

Хислатҳои шифобахши он: хӯрданаш боднок, дерҳазм, аз он дар бадан моддаи ғализ пайдо мешавад (хусусан аз сафедаш бештар), узвҳои даруни сина ва шушро мулоим мекунад, манӣ ва шир пайдо менамояд, боҳро (пушти камарро) ба ҳаракат меоварад, баданро фарбеҳ месозад, пешоб ва ҳайзро равон менамояд (хусусан оберо, ки дар он лӯбиёи сурх ҷӯшонида шуда бошад, биёшоманд); бо камтар канд биёшоманд, хунеро, ки аз занони навзоида меояд, пок мегардонад, бачаро аз шиками занони ҳомила меафтонад.
Лӯбиёи сурхро дар об ҷӯшонида, дар он об занони нав таваллуд кардагӣ батакрор даромада нишинанд, низ он занонро аз хуни нифос пок мегардонад; бачаи зинда ва мурдаро аз шиками занони ҳомила хориҷ мекунад, инчунин ҳамроҳаки (ёраки) ҷаниро зуд берун меоварад ва дарди гурдаро таскин медиҳад.

Лӯбиёро бисёр ва бардавом бихӯранд, боиси дидани хобҳои бад ва мушавваш мегардад. Ин гуна зарари онро занҷабил, ҳардал (горчица), зира, намак, равғани зайтун, кокутӣ, мурҷ ва биҳӣ бихӯранд, ислоҳ мекунад, инчунин бо гӯшт пухта бихӯранд, зиёнаш дафъ мегардад.

  1. Бодоми ширин

Ин самари дарахти маърум аст, ки дар шароити табиии Осиёи Миёна ва дигар мамлакатҳо парвариш меёбад. Беҳтарини он нозукпӯст, бузургмағз ва серравғани он аст.

пешина
аз 702
навбатӣ